Маълумоти охирин

Оливин

Оливин (аз лотинӣ oliva — зайтун) п е р и дот, забарҷад, минерали асосӣ аз гурӯҳӣ Оливин. Таркиби химиявиаш (Mg, FejiSiOJ. 8—12%, баъзан то 20% FeO ва 45—50% MgO дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ. Дар шакли агрегатҳои донадор ва кристаллҳои тахтачаю призмамонанд вомехӯрад. Рангаш бунафши баланд, сабзи зардтоб, баъзан беранг. Сахтиаш 6,5—7; зичиаш 3200—4400 килограмм/мол3.

Дар табиат ҳамчун минерали ҷинсофарин дар таркиби ҷинсҳои асосӣ ва ултраасосӣ (дунит, пери­дотит, габброи оливиндор, диабаз, базалт ва ғайра) бисёр дучор меояд. Аз таъсири маҳлулҳои  гидротермалӣ Оливин ба серпантин, баъзан ба талқ табдил меёбад. Ба гурӯҳи Оливин минералҳои форстерит Mg2[Si04], фая­лит Fe2[Si04], т е ф р о и т Mg2[Si04], кнебелит (FeMn)2[Si04], монти ч е л л и т CaMgrSiOJ дохил мешаванд. Навъи шаффофи Оливин— забарҷад (хризолит) санги қиматбаҳост. Оливинро дар конҳои никел, хром ва охан дарёфт кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …