Маълумоти охирин

Олимхон

Олимхон (1880—1946), охирин амири Бухоро аз сулолаи Манғития. Олимхон баъди вафоти падараш Абдулаҳадхон (январи 1911) ба тахт нишаста, то 1 сентябри 1920 ҳукм ронд. Дар мактаби қӯшунҳои савораи Ни­колаевски Петербург хондааст. Соли 1902 Олимхон аввал ҳокими Қаршӣ, баъд­тар чун валиаҳд дар вилояти Кармина ҳоким шуд. Дар давраи ҳукмронии Олимхон тобеияти аморат ба императори рус афзуда, мавқеи агентии сиёсии Россия ва амалдорони рус мустаҳкам гардид, бисёр заминҳои серҳосил ба дасти иҷорадоронн рус гузашт, аморат аз ҷиҳати молиявӣ му­теи Россия шуд.

Дар ибтидои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ императори рус ба Олимхон унвони генерал-адъютант дод. Дар рафти ҷанг Олимхон ба Россия пинҳонӣ одам ва пул мефиристод. Олимхон бо ёрии гумоштаҳои сиёсии Россия, амалдорони аксулииқилобӣ ва рӯҳониён ҳаракати халқиро бераҳмона пахш кард, соли 1918 (дар рӯзҳои воқеаҳои моҳи март) аз русҳои дар аморат буда ва маорифпарварони маҳаллӣ қариб 4 ҳазор касро ба қатл расонид.

Олимхон баъди cap шудани ҷанги гражда­нӣ ба гвардиячиёни сафед (Колчак), аксулинқилобчиён ва интервентҳои англис такя намуда, ба Туркистони Советӣ таҳдид кард. Вале 2 сентябр 1920 дар натиҷаи инқилоби халқӣ аз тахт сарнагун шуд ва ба Бухорои Шарқӣ гурехта дар Душанбе маскан гирифт ва бо мақсади мубориза бурдан бар зидди Ҳукумати Советӣ ба ҷамъ кардани лашкари нав шурӯъ намуд.

Аммо дар зери фишори Армияи Сурх ва қӯшунҳои Бухоро ба Кӯлоб гурехт ва аз он ҷо 5 марти 1921 ба Афғонистон фирор кард. Олимхон аз хориҷа истода ба ҳаракати аксулинқилобии босмачигарӣ роҳбарӣ мекард. Олимхон бақияи умрашро дар Афғонистон гузаронид.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …