Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олимхон хони Қӯқанд

Олимхон хони Қӯқанд

Олимхон (соли таваллуд номаълум —вафот 1810), хони Қӯқанд, ки солҳои 1801—10 ҳукм рондааст. Пи­сари Норбӯтабий аз сулолаи Мингҳо. Тамоми умрашро дар ҷангу талош бо ҳамсояҳо ва бартараф кар­дана низоъҳои дохилӣ гузаронид. Дар аҳди Олимхон Фарғона, Тошкент, Чимкент ба хонии Қӯқанд ҳамроҳ карда шуданд.

Сиёсати истилогаронаи Олимхон, ки мехост давлати пурқуввати мутамарказ ташкил намояд, боиси норозигии феодалҳо, аъёну аш- роф, лашкаркашон гардид Олимхонро халқ ҳам бад медид ва ба ӯ «Олим- золим» лақаб дода буд, Олимхон ба Ӯротеппа 12 юриш кард.

Дар юриши охирин ба Ӯротеппа амр дод, дар он марде, ки аз сафарбарӣ cap мекашад, кушта, молу мулкаш мусодира карда шавад. Аз сиёсати Олимхон бисёриҳо норозӣ буданд. Ҳангоми юриши зидди қазоқҳо 7—8 километр берунтари Қӯқанд кушта шуд. Дар байни сӯиқасдчиён бародараш Умархон низ буд, ки ӯ ба тахти Қӯқанд соҳиб гардид.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …