Главная / Варзиш / Олимпиада

Олимпиада

Олимпиада (юнонӣ olympias), 1) мусобиқаҳоест, ки дар шаҳри Олимпияи Юнони Қадим дар дар 4 сол гузаронида мешуданд (нигаред Бозиҳои олим­пӣ). Ҳисоби вақтро муаррих Тиме муайян кардааст. Соли 776 то милод соли нахустини Олимпмада ҳисоб меёбад. 2) Дар ҳаракати олимпии ҳозиразамон дар давоми 4 сол гузаронидани мусобақае, ки дар соли якуми он Бозиҳои олимпӣ барпо мегарданд.

(Масалан, якумин Олимпиадаҳои 1896—99, бозиҳо — дар Афина —1896). Калимаи «Олимпиада»-ро тадриҷан ба маънои «Бозиҳои олимпӣ» истифода мебурдагӣ шуданд. 3) Мусобиқаи шоҳмотбозони ҷаҳон байни командаҳо, ки Федератсияи байналхалқии шоҳмот (ФИДБ) мегузаронад.

Олимпиада дар байни мардон аз соли 1927 инҷониб баргузор мегардад, аз 1930 — мунтазам дар ҳар 2 сол. 4) Солҳои 20—40 номи дар СССР маъмули конкурсҳои азназаргузаронии ҳаваскорони санъат, эҷодиёти халқ. Аз соли 1927 дар Ленинград бо ташаббус ва роҳбарии дирижёр И. В. Нем­сов Олимпиадаи мусиқӣ гузаронида мешуд. 5) Мусобиқаҳои талабагон барои иҷрои дурусти супоришҳо доир ба ягон соҳаи дониш. Дар СССР якумин Олимпиадаи оид ба математика (мактабиён соли 1934 дар Ленинград) гузаро­нида шуд. Аз солҳои 60 байни синфҳои 5—10 аз рӯи программаи фанҳои мактабӣ (физика, химия, био­логия ва ғайра) Олимпиадаи шаҳрӣ, районӣ, вилоятӣ ва республикавӣ барпо мегардад. Баъдтар дар байни студентони донашкадаҳои олӣ гузаронидани Олимпиада расм шуд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plantasiya

Плантасия

Плантасия (лотинӣ planlatio — шинондани растанӣ, аз planto — мешинонам), 1) хоҷагии калони заминдорӣ дар …