Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олимов Фаттоҳ

Олимов Фаттоҳ

Олимов Фаттоҳ (таваллуд 1908, деҳаи Риштони райони Олтиариқи вилояти Фарғона, Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957),  Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1957).

Аъзои КПСС аз соли 1945. Солҳои 1925—27 донишҷӯ, 1927—31 муаллим, 1931—43 агроном (аввал дар Риштон ва баъди соли 1933 дар Тоҷикистон), 1944 —60 директори МТС ва аз соли 1960 директори стансияи минтақавии таҷрибавии райони Регар буд. Бо ордени Ле­нин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои  Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …