Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / Олимов Азалшо

Олимов Азалшо

Олимов Азалшо (таваллуд 15. 1. 1930, деҳаи Рошорви pайони Рӯшони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), варзшгари советии тоҷик. Устоди Спорти СССР оид ба гӯштини тарзи самбо (1954), чемпиони мутлақи СССР (1955), чемпиони чандинкаратаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷистон аз рӯи гуштини тар­зи миллӣ, озод, классикӣ ва сам­бо, Тренери Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1974).

Олимов дар республика аввалин шахсест, ки ҳамчун самбочӣ сазовори унвони чемпиони мамлакат ва устоди спорт гардидааст. Ӯ дар Осиёи Миёна низ якумин чемпиони Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (1954) буд. Аввалҳо ба варзиши сабук майл дошт. Баъд ба гӯштингирӣ рағбат пайдо кард. Ҳангоми хизмат дар сафи армия таҳти роҳбарии Тренери.

Хизматнишондодаи РСФСР Л. Б. Турин ба гӯштини самбо пардохт. Минбаъд маҳорати худро такмил дода, аз рӯи навъи спорт пай дар пай муваффақият пайдо кард. Баъди хатми Институти пе­дагогии Душанбе (1966) ба кори тренерӣ ва роҳбарӣ гузашт. Дар Спартакиадаҳои I, II ва III Халқҳои СССР ба командаи яккачини гӯштингирони тарзи озоди республика сардор буд.

Солҳои 1966—70 директори Мактаби маҳорати один спортии ҷавонони ш. Душанбе, 1970—-74 муаллими калон ва тренери гуштингирони Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Аз соли 1974 тренери Макта­би спортии бачагонаи рақами 6-и шаҳри Душанбе. Бисёр паҳлавонони номии республика таҳти роҳбарии Олимов тарзи гӯштингириро омӯхта, ба арсаи умумиитифоқӣ баромадаанд. Аълочии физкултураи СССР буда, бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …