Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Олими Самарқандӣ

Олими Самарқандӣ

Олими Самарқандӣ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» ӯро яке аз олимон ва адибони машҳуру номдор ва дар шеъру шоирӣ хунарманд номидааст.

Олими Самарқандӣ дар Самарканд бо Улугбек ҳамсабақ ва ҳамсӯдбат будааст ва дар бадсҳои илмиву адабӣ бо ӯ муноқиша мекардааст, ки ин боиси норозигии Улуг­бек гардидааст. Ба сабаби ин муноқишаҳо Олими Самарқандӣ Самарқандро тарк кар­да, ба Ҳирот рафт ва ба доираҳои адабии ин шаҳр роҳ ёфт. Осори Олими Самарқандӣ то замони мо ба таври пароканда дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст. Ин байт аз эҷоди ӯст:

Мо сияҳбахтему бадрӯзему ахтарсӯхта,

Шамъи мақсуде барои худ шабе н-анфрӯхта.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …