Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Олимӣ Қутбиддин

Олимӣ Қутбиддин

Олимӣ Қутбиддин (1. 5. 1908, Хуҷанд—3. 3. 1970, Душанбе), ки­норежиссёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1958). Яке аз аввалин кормандони кинои тоҷик. Дар курси киноактёрони шаҳри Душанбе ва баъдтар дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский таҳсил кардааст. Шавқу    ҳаваси Олимиро ба санъати ки­но кинорежиссёри номӣ Н. Достал бедор намудааст. Фаъолияти режиссёрии Олимӣ соли 1938 бо филми «Боғ» оғоз ёфт.

Соли  1938 дар Ленинград услуби дубляжи филмро омӯхт ва ба Душанбе баргашта, худи ҳамон сол дар киностудияи «Тоҷикино» («Тоҷикфилм»-и ҳозира) сехи дубляжро ташкил кард. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании 1941—45. Баъди ҷанг фаъолияташро дар киностудияи «Тоҷикфилм» давом дод. Олимӣ зиёда аз 400 филмро дубляж кардааст. Машҳуртарини онҳо: «Асал», «Дурсун», «Аъзои ҳукумат», «Ленин дар соли 1918», «Ленин дар Октябр», «Одами милтиқдор», «Ша- шӯми июл», «Дафтари кабуд», «Оилаи Уляновҳо» ва ғайра. Доир ба дубляжи филмҳо дастуруламале навиштааст.

Аз соли 1958 узви Иттифоқи кинематографистони СССР. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Со­вети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Асос: «Дубляжи филмҳо», Душанбе, 1970

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …