Маълумоти охирин
Главная / Илм / Олигофренопедагогика

Олигофренопедагогика

Олигофренопедагогика, соҳаи дефектология аст, ки масъалаҳои тарбия ва таълим, роҳҳои ислоҳи норасоии инкишофи бачаҳои заифақл, инчунин масъалаҳои барқароркунии саломатии онҳоро меомӯзад. Дар аввали асри 19 дар инкишофи тиб ва педагогика ҳамчун равияи муайяне ба вуҷуд омад. Системаи тарбия ва таълими бачаҳои заифақлро бори авввл духтур ва педа­гоги франсавӣ Э. Сеген дар миёнаҳои асри 19 пешниҳод кард. Нимаи дуюми асри 19 барои бачаҳои заифақл дар бисёр мамлакатҳо синф ва мактабҳои махсус кушода шуданд.

Дар Россия соли 1908 бори аввал ин гуна синф, соли 1910 мактаби ёрирасон ба  вуҷуд омад. Дар СССР таълиму тарбияи бачаҳои заифақл дар махтабҳои махсуси ёрирасон ба амал ҷорӣ карда мешаванд. Олигофренопедагогҳои советӣ машқҳои расмиро, ки дар хориҷа ҳамчун воситаи асосии ислоҳкунӣ маъмул аст, эътироф намекунанд.

Олигофренопедагогикаи советӣ ба инкишофи ҳиссиёт ва нутқи бачаҳо, ба масъалаи дар просесса таълиму тарбия ва дуруст истифода бурдани метод­ҳои шифоҳию аёнӣ, ба корҳои амалии таълим аҳамияти калон медиҳад. Дар асоси омӯзиши психологию педагогии бачаҳои заифақл ба ҳар як бачаи заифақл ба таври фардӣ ва дифференциалӣ мувосибат мекунанд.

Олигофренопедагогҳоро фактҳои дефектологияи институтҳои педагогӣ тайёр мекунанд. Дар Тоҷикистон 6 мактаби дефектологӣ, як мактаби ёрирасон, 5 мактаб-интернати ёри­расон (1982) кор мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …