Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Олигофагия

Олигофагия

Олигофагия (аз олиго… ва юн. phag6in — хӯрдан, ҳарисона хӯрдан), қобилияти навъи ками хӯрокро хӯрдани хайвонот (олигофагҳо) Олигофагия ба монофагия (хӯрдани фақат як навъи хӯрок) ва полифагия (хӯрда­ни навъҳои зиёди хӯрок) муқобил гузошта мешавад.

Олигофагия ба ҳашарот ва бандпойҳои дигар — тортанакҳо, канақо, харчангшаклҳо хос буда, дар байни кирмҳо, нармбаданҳо, моҳиҳо, паррандаҳо (ҳашаротхӯр, донхӯр, мевахӯр, соҳибчангол — моҳихӯр, орнитофагҳо), ширхорҳо (алафхӯр, мевахӯр, гулмакҳо ва ғайра) низ воме­хӯрад. Олигофагҳо дар бешаҳои тро­пикӣ бисёр шуда, дар арзҳои мӯътадилу баланд нисбатан каманд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …