Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Олигархияи молиявӣ

Олигархияи молиявӣ

Олигархияи молиявӣ, табақаи болоии буржуазияи монополистиест (бойтарин соҳибони капитал, бонуфузтарин намояндагони монополияҳои тиҷоративу саноатӣ ва молиявӣ), ки тавассути он капитали молиявӣ дар иқтисодиёт ва сиёсати давлатҳои капиталистӣ ҳукмфармо мебошад. Дар замони империа­лизм баробари ташкил ёфтани монополияҳои саноатӣ монополияҳои бан­кӣ низ ба вуҷуд меоянд.

Қариб тамоми муомилоти пулии мамлакат тавассути банкҳо мегузарад. Банкҳо торафт бештар шарики корхонаҳои саноатӣ, тиҷоратӣ ва ғайра мегарданд. Соҳибони корхонаҳои сано­атӣ ҳам шарики банкҳо мешаванд. Дар замони империализм капитали банкӣ бо капитали саноатӣ як шу­да, капитали молиявиро ба вуҷуд меоранд. Олигархияи молиявӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти капиталистӣ ҳукмрон мегардад.

Тарақии монополияҳо ва капитали молиявӣ боиси ҳукмрон гаштани гурӯҳҳои камшумори моли­явӣ дар хоҷагии мамлакатҳои импе­риалистӣ мегардад. Чунончи, дар хоҷагии ШМА як қатор гурӯҳҳои калонтарини молиявӣ (Морганқо, Рокфеллерҳо, Дюпонҳо ва дигар) ҳукмрон мебошанд, ки онҳо садҳо корпорасияҳои соҳаҳои гуногуни саноат, банк, суғурта ва ғайраро дар зери назорати худ нигоҳ медоранд.

Олигархияи молиявӣ дар ҳаёти хоҷагии давлатҳои капиталистӣ пурра ҳукмрон гашта, инони сиёсатро низ дар дасти худ нигоҳ медорад, давлати буржуазиро ба худ мутеъ карда, сиёсати онро ба нафъи худ пеш мебарад. Ҳукмронии Олигархияи молиявӣ боиси пурзӯр шудани зулми синфӣ ва миллӣ, қувват гирифтани муфтхӯрии капитализм ва пӯсиши он мегардад, ки худ аз моҳияти иртиҷоии он шаҳодат медиҳад. Олигархияи молиявӣ муносибатҳои байни давлатҳоро те­зу тунд мегардонад ва ҳамеша дар қасди cap кардани ҷанги нави ҷаҳонист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …