Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оли Xуҷанд

Оли Xуҷанд

Оли Xуҷанд, Хонадони хуҷандиён, сулолаест, ки аз солҳои 70 асри 11 то охири асри 12 риёсати мазҳаби шофеия, баъдтар хукумати вилояти Исфаҳонро дар ихтиёр дошт. Нуфуз ва мақоми хонадони Хуҷандиёнро қайд карда, шоирон ва муаррихону тазкиранависон онҳоро фозилу илмдӯст ва маърифатпарвар ба қалам додаанд. Ба Оли Xуҷанд Абӯбакр Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ (вафот 1090), ки дар пойтахти Салҷуқиён шаҳри Марв умр ба cap мебурд, асос гузоштааст.

Ӯ дар мадрасаи Низомияи Исфахон мударрисӣ кар­да, дар атрофи худ уламову удаборо гирд оварда буд. Вазири аъзами Салҷуқиён Низомулмулк нисбат ба Абубакри Хуҷандӣ ва Оли Xуҷанд ҳусни таваҷҷӯҳ ва эътиқоди махсус доштааст. Роли Оли Xуҷанд дар ободонии вилояти Исфа­ҳон ва равнақи илму маърифат хеле калон аст.

Дар бунёди Масҷиди ҷомеъ (асри 11), (манораи Чилдухтарон (1107), масҷид ва манорахои Fop (1121), Сян (1132), Алии Исфаҳон Газ, манораҳои Сорбон (1131—1155), Зиёр, Раҳравон, масҷид ва мақба- раи Имомзода Исмоил, марқади Имомзода Аҳмад ва Санги Суманот, оромгоҳи Низомулмулки Маликшоҳи Салҷуқӣ ва ғайра саҳми арзанда доранд.

Намояндагони дигари машҳури Оли Xуҷанд инхоанд: писарони Абӯбакри Хуҷандӣ — Абулмузаффар ибни Му­хаммад ибни Собити Хуҷандӣ (вафот 1096) ва Абдуллатиф ибни Мухам­мад ибни Собити Хуҷандӣ (вафот 1129); Садруддин Мухаммад ибни Абдуллатиф ибни Мухаммад ибни Собити Хуҷандӣ ва дигар

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …