Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олгерд Алгирдас

Олгерд Алгирдас

Олгерд Алгирдас, князи кабири Литва дар солҳои 1345—77, пи­сари Гедимин. Барои васеъ кардани ҳудуди Литва мубориза бурд. Иштирокчии мудорибаҳои зидди Ордени Тевтон. Соли 1363 назди Синие Води қӯшуни тоторҳоро торумор кард. Мулкҳои меросии князиҳои Черни­гов — Северск, заминҳои Киев, По­долск, Волын ва дигарро забт ва князии Смоленскро ба Литва тобеъ кард.

Кӯшиш намуд, ки Псков ва Новгородро зердаст кунад, вале комёб нашуд. Олгерд соли 1349 хост бо хон Ҷонибек бар зидди Москва иттвфоқ бандад, аммо ба мақсад нарасид. Олгерд солҳои 1368—72 Тверро дар ҷанги зидди Москва дастгирӣ намуд ва се юриши худаш (1368, 1370, 1372) ба Москва муваффақият пайдо накард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …