Маълумоти охирин

Олга

Олга (номи насрониаш Елена, тақрибан 890—969, Киев), княгинаи-кабири Киев, завҷаи Игор. Баъди аз тарафи древлянҳо кушта шудани шавҳараш (945) шӯриши онҳоро бераҳмона пахш намуд. Солҳои 945— 947 андозаи боҷу хироҷи древлянҳо ва новгородиҳоро муқаррар кард ва марказҳои маъмурӣ — погостҳо ташкил намуд.

Олга мулки князиҳои кабири Киевро хеле васеъ кард. Соли  955 (ё 957) ба Константинопол рафта, дини насрониро қабул кард.. Дар айёми хурдсолии писараш Святослав Игоревич ва дертар ҳангоми юрушҳои ӯ давлатро идора мекард. Соли 968 ба мудофиаи Киев аз печенегҳо роҳбарӣ кард. Аз тарафи калисои рус ҳокимияташ қонунӣ эълон карда шуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …