Маълумоти охирин
Главная / Илм / Олег князи Руси

Олег князи Руси

Олег (вафот 912), князи Руси Қа­дим. Бино ба маълумоти солномаҳо, хеши Рюрики нимафсонавӣ буда, баъди вафоти ӯ князи Новгород шу­дааст. Олег соли 882 ба замини кривичҳо юриш карда, шаҳри марказии онҳо — Смоленскро забт намуд. Олег  шаҳри Любич, баъд Киевро ишғол кар­да, ба пойтахти давлати худ табдил дод.

Солҳои 883—885 заминҳои древлянҳо, северянҳо, радимичҳо ва то аввали 907 вилоятҳои вятичҳо, хорватҳо, дулебҳо ва тивериҳоро забт намуд. Олег аз қабилаҳои тобеъ андоз мегирифт, онҳоро ӯҳдадор карда буд, ки ҷанговар диҳанд.

Бо хазарҳо бомуваффақият меҷангид. Соли 907 пойтах­ти Византия Қусталтанияро муҳосира намуда, ба гардани империя товони ҷангро бор кард. Соли 911 бо Ви­зантия шартномаи тиҷоратии фоиданок баст. Мувофиқи ривоятҳо Олег аз газидани мор мурдааст ва ин ҳодиса асоси бисёр суруд, афсона ва ривоятҳо гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …