Маълумоти охирин
Главная / Илм / Олефинҳо

Олефинҳо

Олефинҳо, алкенҳо, қатори гомологии карбогидридҳои носери (формулаи умумиашон Сп Н2п) занҷирашон кушод, ки як банди дучандаи карбон-карбон доранд. Олефинҳо ба пайвастҳои асиклӣ мансубанд. Узви аввалини Олефинҳо этилен СН2=СН2 аст. Бинобар ин онҳоро карбогидридҳои этиленӣ низ меноманд.

Этилен ва гомологҳои наздики он (пропилен СНз = СН—СНз, бутенҳо CJla, ампленҳо С5Н10 ва ғайра)-ро аксар вақт алкенҳо мегӯянд. Дар асоси номенклатураи женевагӣ номи Олефинҳо аз номи карбогидридҳои сер гирифта шуда, суффикси «ан» бо суффикси «ён> иваз ва мавқеи ҷойгиршавии бан­ди дучанда бо рақам ишора карда мешавад. Масалан, этан-этен (этилен), пропан-пропен (пропилен), бутан— бутен.

Дар қатори Олефинҳо аз бутен cap карда изомерияи структурӣ ба вуҷуд меояд; ғайр аз ин, аз сабаби дар молекулаи Олефинҳо мавҷуд будани банди дучанда онҳо метавонанд дар ҳолати изомерияи теометрӣ низ вуҷуд дошта бошанд (нигаред Изомерия). Олефинҳо аз ҷиҳати хосияти физикӣ аз карбогидридҳои сер кам фарқ мекунанд. Масалан, ҳарорати ҷӯшиши Олефинҳо нисбат ба ҳарорати ҷӯшиши карбогидрадҳои сере, ки адади атомҳои карбонашон баробар мебошад, паст буда, зичиашон зиёдтар аст.

Олефинҳои дараҷаи паст (аз СН< то С«Н«) газ, аз С$Ню то CigHse моеъ ва боқимонда моддаҳои сахт мебошанд. Ҳамаи Олефинҳо моддаҳои беранг буда, дар об ҳал намешаванд; дар спиртҳо кам ва дар эфирҳою карбогидридқо нағз ҳал мешаванд. Олефинҳо бо галогенҳо, гидроген, галогенидҳои гидроген ва об ба осо- нӣ пайваст шуда, моддаҳои равғанмонанд ҳосил мекунанд.

Номи Олефинҳо (франс. olefiant — равғанмонанд) ҳам аз ҳамин ҷост. Олефинҳо ба осонӣ изо­меризасия, полимеризасия ва сополимернзасия шуда, полиэтилен, по­липропилен ҳосил мекунанд. Олефинҳо дар саноат асосан аз маҳсулоти нефт ва газҳои табиӣ, дар лаборатория бошад, дар натиҷаи дегидратасияи спиртҳо, пиролизи эфирҳои мураккаби кислотаҳои карбон ва ғайра ҳосил мекунанд. Олефинҳо дар синтези баъзе каучукҳо, нахҳои химиявӣ ва ғайра ҳарҷониба истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …