Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олдрин Эдвин

Олдрин Эдвин

Олдрин (Aldrin) Эдвин (таваллуд 20. 1. 1930, Глен-Рид, назди Монтклэр, Ныо-Ҷерси), астронавти ШМА, пол­ковники ҚҲҲ. с. 1951 Академияи Харбии ШМА-ро хатм намуд. Дар қисмҳои ҚҲҲ хизмат кардааст. Соли1959 ба Институти тех­нологии Массачусет дохил шуд. Соли 1963 оид ба васл кардани киштиҳои кайҳонӣ дар кайҳон рисолаи докторӣ ҳимоя намуд ва ба гурӯҳи астронавтҳои Управленияи миллии ШМА оид ба аэронавтика ва тадқиқоти фазои кайҳон қабул шуд.

Аввалин астронавтест, ки ҳангоми тайёрии амалӣ бо скафандри кайҳонӣ ба об ғутид. 11—15 ноябри 1966 (ҳамроҳи Ҷ. Ловел) дар киштии кайҳонии «Ҷемини-12» ҳамчун пилоти дуюм ба кайҳон парвоз кард. Баъди парвоз дар коркарди техникии дар мадор наздикшавии киштиҳо«Ҷемини» ва «Аполлон» иштирок намуд.

16—24 июли 1969 бори нахуст ба Моҳ (ҳамроҳи Н. Армстронг ва М. Коллинз) ба сифати пилоти «ҳуҷраи қамарии» киштии кайҳонии «Апол­лон-11» парвоз кард. 20 июли 1969 киштӣ дар райони Баҳри Ором нишаст. Олдрин 21 июли 1969, баъд аз 20 дақиқаи ба сатҳи Моҳ фаромадани Армстронг, аз ҳуҷраи қамарӣ баромад ва дар сатҳи Моҳ зиёда аз 1,5 соат кор кард. Ҳуҷраи қамарӣ дар Моҳ ҳамагӣ 21 соату 36 дақиқа буд (нигаред низ (Аполлон). Ба яке аз танӯраҳои тарафи нонамоёни Моҳ номи Олдрин гузошта шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …