Маълумоти охирин

Олдриҷ Ҷеймс

Олдриҷ (Aldridge) Ҷеймс (таваллуд 10. 7. 1916, Уайт-Ҳилс, Виктория, Австралия), нависанда ва ходими ҷамъиятии англис. Дар коллеҷи савдои Мелбурн хондааст. Соли 1938 ба Англия кӯчид. Фаъолияти журна­листи, ки ба он васила ба бисёр фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 —45) рафтааст, ба Олдриҷ чун мактаби таҷрибаи ҳаёт ва маҳорат хизмат кард.

Репортажҳои бадеӣ («Суруди Кавказ», 1942), романҳо («Кори шараф», 1942; «Уқоби баҳрӣ», 1944) ва силсилаи новеллаҳои ӯ (китоби «Дар бораи одамони бисёр», 1946) қаҳрамонии Муқобилати халқӣ ва он дигаргуниҳоеро, ки дар натиҷаи ғалабаи оламшумули таърихӣ бар фашизм ба амал омаданд, инъикос намудаанд.

Олдриҷ барои сулҳ ва пастшавии шиддати байналхалқӣ пайваста мубориза мебарад (романи «Дипломат», 1949; Медали тиллоии Сулҳ, 1953), ҳамчун адиб муборизаи миллии — озодихоҳии халқҳои маз- лумро дастгирӣ мекунад («Қаҳрамонони уфуқҳои саҳроӣ», 1954; «Намехоҳам, ки ӯ бимирад», 1957, тарҷумаи тоҷикиаш 1966; «Матруди охирин» 1961; «Сайёд», 1960).

Дар эҷодиёти Олдриҷ мавзӯи Иттифоқи Советӣ мавқеи калон дорад. Ӯ просесси му­боризаи тезу тунди идеологии байни ҷаҳони капитализм ва сотсиализмро равшан тасаввур мекунад (дилогияи «Фарзанди сарзамини бегона», 1962; «Бозии хавфнок», 1966). Кито­би «Қоҳира», силсилаи новеллаҳои австралӣ («Писарбачае аз соҳили ҷангалӣ», «Faлабаи писарбачаи соҳили ҷангалӣ», «Аккаи падарам» ва ғайра), повести «Бародарам Том» (1966), маҷмӯаи ҳикояҳои солҳои гуногун «Тилло ва рег» (I960), ки “Дюйми охирин»-ро дарбар гирифтааст (аз рӯи ин асар соли 1959 кинематографистони советӣ филме офариданд), «Қафаси наҳанг», «Масхарабозӣ дар амалиёти ҳарбӣ» (1974) ва ғайра аз гуногунии рағбати эҷодии ӯ шаҳодат медиҳанд. Бисёр асарҳои Олдриҷ ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Ӯ дар матбуоти советӣ бо мақолаҳои пуб­лисистӣ баромад мекунад. Олдриҷ— до- рандаи Мукофоти байналхалқии ленинии «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» (1973).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …