Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олденбург Сергей Фёдорович

Олденбург Сергей Фёдорович

Олденбург Сергей Фёдорович (26. 9. 1863, деҳаи Бянкино, ҳозира pайони Нерчини вилояти Чита —28. 2. 1934, Ленинград), шарқшиноси советӣ, яке аз асосгузорони мактаби ҳиндушиносии рус., академики Академияи Фанҳои Петер­бург (1900), баъдтар Академияи Фанҳои СССР. Университети Петербургро хатм намуд (1885). Аз соли 1889 муаллим ва аз 1894 профессори ҳамин университет. Котиби Академияи Фанҳои СССР (1904—29). Соли 1917 вазири маорифи Ҳукумати муваққатӣ таъин шуд.

Солҳои 1930—34 директори Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР, солҳои 1932—33 Олденбурш роҳбари Базаи тоҷикистони Академияи Фанҳои СССР буд. Муаллифи зиёда аз 300 асар. Таърихи маданият ва дини Ҳиндустони аҳди кадим ва асрҳои миёнаро омӯхта- аст. Таърихи санъати буддоӣ ва осори хаттии он, фолклори халқҳои Шарқ ва ғайраро тадқиқ кардааст. Солҳои 1909—10, 1914—15 роҳбари экспедисияҳои археологӣ дар Туркистони Шарқӣ буд.

Матнҳои дар ин экспедисияҳо ба дастомадаро рамзкушоӣ ва нашр кардааст. Кадимтарин матни пракритӣ (нигаред Пракрит) Дҳаммападаро, ки ба забони кҳарошти таълиф шуда буд, хонда ба табъ расонд. Олденбург дар ташкили экспедисияҳо ба Осиёи Марказӣ ва Тибет фаъоло­на иштирок кардааст. Бо саъйю кӯшиши Олденбург дар Петербург таҳти унвони «Bibliotheca buddnica» силсилаи байналхалқие ташкил гардид, ки дар он матнҳои буддоӣ чопу интишор мешуданд (нашрҳои 1—32, 1897—1962). Олденбург инчунин асарҳои пурқимате доир ба таърихи шарқшиносӣ офаридааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …