Маълумоти охирин
Главная / Илм / Олати Арифметикӣ

Олати Арифметикӣ

Олати Арифметикӣ (ОА), яке аз олати асосии ҳисобмошини рақа­мии электронист (ҲРЭ), ки дар он бевосита амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ бар ададҳо иҷро карда мешаванд. Иҷрои ҳар гуна амали ариф­метикӣ ё мантиқӣ дар Олати Арифметикӣ аслан аз иҷрои пай дар паи як қатор амалҳои элементарӣ ё микроамалҳо [муқаррар намудани «сифри»-и разрядҳои дилхоҳи блокҳои Олати Арифметикӣ, қабули коди рақам ё разряди алоҳида, додани код, ҳосил кардани бузургии инвер­сии (баръакси) коди адад, ҷамъи кодҳо, ба тарафи разряҳои хурд ё разрядҳои калони адад кӯчондани код ва ғайра иборат аст.

Ба амалҳои арифметикӣ ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим ва решабарорӣ мансубанд. Амалҳои тақсиму решабарорй, дараҷабардорӣ, муайяи на­мудани қимати логарифмҳову функ­сиями тригонометрӣ ва ғайра бештар аз рӯи зерпрограммаҳои стандартӣ иҷро карда мешаванд. Амали асосин Ҳисобмошини Рақамии Электронӣ ҷамъ мебошад ва амалҳои боқимонда тавассути он иҷро мегарданд.

Масалан, тарҳи адади В аз адади А тавассути таносуби А — В» А + + (—В) ба амали ҷамъ, амали зарб ба ҷамъи каратаи зарбшаванда, амали тақсим ба ҷустуҷӯи пай дар паи ҳосили тақсим (тавассути ама­ли ҷамъ ва тарх) бадал карда ме­шавад. Олати Арифметикии таркиби Ҳисобмошини Рақамии Электронӣ  бо олати ҳофиза ва олати марказии идора алоқаманд мебошад.

Характеристикаҳои асосӣ ва таркиби Олати Арифметикӣ ба системаи ҳисоби интихобшуда вобаста мебошад. Вобаста ба истифодаи суммиронии ададҳо Олати Арифметикии пай дар пай амалкунанда, параллел амалкунанда ва пай дар паю параллел амалку­нанда мавҷуданд.

Адабиёт: Карцев М. А., Арифметика цифровых машин, Москва, 1969; Каган Б. М., Каневский М. М., Цифровые вычислительные машины и системы, Москва, 1979.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …