Окуляр

Окуляр (лот. oculus — чашм), қисми ба чашми мушоҳид нигарондашудаи системаи оптикист (телес­коп, дурбин, микроскоп ва ғайра); барои мушоҳидаи визуаллӣ тасвирҳои ҳақиқие, ки дар системаҳои оптикии объектив (масалан, призма, коллиматор) ҳосил мешаванд, хизмат мекунад.

Аввалин бор Окулярро Г. Галилей (1609) дар ғулбаи биниш истифода бурдааст, ки линзаи он манфӣ (парокандакунанда) буд. Азбаски окулярҳои Галилей предметҳоро хеле хурд кар­да нишон (медиҳанд, онҳо барои мушоҳидаҳои астрономӣ ба кор намеоянд. Дар миёнаҳои асри 17 олими нидерланд X. Гюйгенс ва охири асри 18 оли­ми англис Ҷ. Рамсден Окуляри мусбат (ҷамъкунанда) ихтироъ карданд, ки то ҳол истифода мешаванд.

Ин Окулярҳо аз 2 линзаи ҳамвори барҷаста иборатанд. Чунин Окулярро бо объектив якҷоя карда, тасвири ягон чизро дар он дидан мумкии аст. Аз охири асри 19 ба туфайли тараққиёти оптикаи ҳарбӣ дар дурбин, перископ ва ғайра Окулярҳои махсуси мукаммал исти­фода мешаванд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ (номаълум), хаттоти форс-тоҷик, яке аз нахустин устодони хатти настаълиқ дар …