Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Октябрятҳо

Октябрятҳо

Октябрятҳо, дар СССР мактаббачагони 7—9-солае, ки дар гурӯҳҳои назди дружинаи пионерии мактаб ихтиёри муттаҳид мешаванд. Гу­рӯҳҳои Октябрятҳо бачагонро барои дохил шудан ба Ташкилоти Умумииттифоқии пионерӣ ба номи В. И. Ленин тайёр мекунанд.

Гурӯҳҳои аввалин» Октябртҳои солҳои 1923—24 дар назди отрядҳои пионерии шаҳри Москва ташкил шуда буданд ва ба онҳо бачагон — ҳамсолони Револютсияи Октябрро қабул ме­карданд (номи Октябрятҳо низ аз ҳамин ҷост).

Гурӯҳи Октябрятҳо дар синфи 1-уми мактаб ташкил меёбад. Вақти дохил шудан ба бачаҳо нишони сарисинагӣ — ситорачаи сурхи панҷгӯша месупоранд, ки дар миёнаҷои он Владимир Илич Ленини хурдсол акс ёфтааст. Ба гурӯҳи О.ктябрятҳо байрақчаи сурхи октябрятӣ супурда мешавад. Гурӯҳи Октябрятҳо аз якчанд ситорачаҳо (дар гурӯҳ аз 5 ок­тябрят иборат аст). Пионер ё узви комсомолро вожатии гурӯҳ интихоб мекунанд. Ҳар сол (16—22 апрел) ҳафтаи умумииттифоқии Октябрятҳо гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …