Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Октябристҳо

Октябристҳо

Октябристҳо, «Иттифо қи 17 о к т я б р », партияи контрреволю- тсионии помещикони калон ва бур­жуазияи тиҷоратию саноатӣ дар Россия, қаноти роста либерализми Россия. Партиям Октябристҳо баъди нашри Манифест 17 октябри 1905 (номаш аз ҳамин ҷост), аввалҳои ноябри 1905 аввал дар Москва, баъд дар Петер­бург ба вудуд омада, манфиати бур­жуазияи калон ва помешиконро ҳимоя мекард.

Октябристҳо тарафдори «ҳокимияти мутлақи тавоно» буда, тамоми амалиёти мутлақиятро, ки ба пахш кардани револютсия нигаронида шуда буд, қонунӣ меҳисобиданд. Октябристҳо дар прог­раммам худ (феврали 1906) ба тарафдорни ягонагӣ ва тақсимнопазирии Империяи Россия баромада, бо ҳа мин сиёсати бузургдавлатию шовинистии ҳукумати подшоҳӣ, мутлақияти конститутсионӣ (бо намояндагии дупалатагӣ) ва озодоҳои сиёсиро (дар доираи Манифести 17 ок­тябр) дастгирӣ мекарданд.

Октябристҳо таклиф мекарданд, ки масъалаи аграрӣ асосан бо роҳи баробар кардани ҳуқуқхои гражданиву моликиятдории деҳқонон ва табақаҳои дигари ҷамъиятӣ, «батартибории» иҷораи замин, муҳодиркунии деҳқонон, аз ҳисоби за­минҳои давлатӣ ва қитъавӣ таъмин намудани деҳқонон ва ғайра ҳал карда шавад. Фраксияи Октябристҳо дар Думаи 1- уми давлатӣ 16 депутат, Думаи 2- юм 54 депутат, Думаи 3-юм 154 де­путат доштанд.

Октябристҳо дар фаъолияти думагии худ бо сиёҳгурӯҳчиён ва кадетҳо иттифоқ баста, дар гузаронидани сиёсати реаксионӣ ба хукумат ёрӣ расониданд. Баъди оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—48) Октябристҳо ба тарафдории ҳукумати подшоҳӣ баромада, пас аз Револютсияи феврали 1917 ба хайати Ҳукумати муваққатии буржуазӣ дохил гардиданд. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Октябристҳо дар ташкилоту ҳукуматҳои гвардиячинии сафед мансабҳои намоёнро ишғол карда, бар зидди Республикаи Советӣ мубориза бурданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …