Маълумоти охирин

Оқтом

Оқтом, қабристони мансуб ба асрҳои 5—3 то милод, ки дар наздикии деҳаи Оқтом соҳили чапи Марғелонсой, 9 километр ҷанубтари шаҳри Фарғо- наи Республикаи Советии  Сотсиалистии  Ӯзбекистон воқеъ аст. Оқтомро ибтидои солҳои 50 асри 20 кишваршиноси ҳаваскор П. Т. Конопля кашф ва солҳои 19метр—55 археологҳо Б. 3. Гамбург ва И. Г. Горбунова тадқиқ намуданд. Оқтом аз 50 пуштаи сангпӯш иборат аст.

Андозаи пуштаҳо 3—5 метр X ХЗ—5 метр буда, сангҳои рӯи онҳо ба самти Шимолу Ҷануб қатор чида шудаанд. Баландин қатори сангҳо аз 20 то 70сантиметр буда, зери онҳо чанд қабри ҳамшафат воқеъ аст. Қабрҳо байзашакланд. Чуқурии қабрҳо аз 10 то 80 сантиметр буда, дар онҳо аз як то ҳашт майит гуронида шудаанд. Ҷасадҳо рӯболо хобидаанд. Ба зери са­ри аксари майитҳо тахтасанг гузошта шудааст. Аз қабрҳо асосан зарфҳои гилии дастисохт ва зуруфи сафолии дар чархҳои кулолӣ сохта  шуда ба даст омаданд. Баъзе косаю пиёлаҳоро бо ранги қирмизӣ оро додаанд. Шоҳкосаю хурмаҳо сирдоранд. Аз бозёфтҳои Оқтом асбобҳои зе­бу зинати биринҷӣ, оханӣ. устухонӣ ва корду дирафшҳо ҷолиби диққатанд. Оқтом мутааллиқи маданияти Фарғонаи давраи аввали асри оҳан аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …