Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оқтеппа

Оқтеппа

Оқтеппа, яке аз бошишгоҳҳои мансуб ба охири ҳазораи 5 — нимаи дуюми ҳазораи 3 то милод, ки 3,6 километр ҷануби  ғарбтари шаҳри Ашқобод воқеъ аст. Оқтеппа ба маданияти Анов мутааллиқ буда, аввал бошишгоҳи як авлод, баъд ҷамоаи як оилаи калон ва ниҳоят қурғони оилаи хурд шуд.

Осори 4 хона, анбор барои нигоҳ доштани асбобу анҷоми рӯзгор, ибодатгоҳ ва дигар иморатҳое, ки аз хишти хом бино ёфтаанд, ёфт шуданд. Сокинони Оқтеппа бо деҳқонӣ ва токдорӣ машғул буда, онҳо аз олоти биринҷӣ ва зарфҳои сафолии сирдор истифода мебурдаанд. Баъзе ашёи аз Оқтеппа ёфт шуда, ба ашёи халқҳои шимоли шарқи Эрон шабеҳанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …