Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оқтеппа шаҳри Панҷакент

Оқтеппа шаҳри Панҷакент

Оқтеппа, димнаи мансуб ба асрҳои 5—12, ки 1 километр ғарбтари шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи За­разился воқеъ аст. Масоҳаташ 250 X 50— 60 метр. Оқтеппа аз куҳандиз ва шаҳрча иборат аст. Оқтеппаро соли 1947 О. И. Смир­нова кашф намуд. Соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. И. Исҳоқов ба ҳафриёти археологии он шурӯъ кард. Куҳандизи Оқтеппа дар асрҳои 5—7 кушки заминдори калоне будааст. Деворҳояш тиркашҳои росткунҷа, кунҷҳояш манораҳои мустаҳками посбоннишин доштааст. Дар асри 8 биноҳои кӯшкро бо хоку лой пур карда, дар болои он 11 хонаи истиқоматии дуошёна сохтаанд.

Дар дохилл шаҳрча 13 хонаи истиқоматӣ ва хоҷагӣ кушода шуд. Баъзеи ин хонаҳо бо нақшу нигор оро ёфтаанд. Аз куҳандизу биноҳои шаҳрча тангаҳои зиёд, зарфҳои са­фолӣ, маснуоти рӯзгор ва асбобҳои зебу зинат ёфт шуданд.

Адабиёт: Исаков А. И., Раскопки горо­дища Актепе близ Пенджикента, АО, 1976, Москва, 1977.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …