Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оқтеппа

Оқтеппа

Оқтеппа, димнадои мансуб ба асрҳои 5—8, ки дар наздикии Тош­кент воқеъанд. Оқтеппаи назди заводи асбобҳои пармаю суфтакуниро солҳои 1940—41 археологи советӣ А. И. Тереножкин ва Оқтеппаи pайони Челонзорро солҳои 1962—72 М. И. Филанович аз ҷиҳати археологӣ омӯхтанд. Балан­дин Оқтеппаи назди завод 20 метр аст ва он асрҳои 6—8 қалъаи заминдори калоне будааст. Қалъа бо девор ва атро­фи девор бо хандақҳо иҳота шуда­аст. Дар қалъа манораи дуқабата, анбор, давлиҳо ва кулбаҳои аҳли меҳнат буд.

Боқимондаи ёдгориҳои Оқтеппа гувоҳӣ медиҳанд, ки дар арафаи истилои араб дар вилояти Чоч (Шош) санъати меъморй ва бинокорӣ ба да­раҷаи баланд расида будааст. Балан­дин Оқтеппаи Челонзор 15 метр буда, дар он осори манора, боғе дар пастхамӣ (мансуб ба асрҳои 5—6) ва ибодатхонаи асрҳои 7—8 ба назар мерасад. Манораи мураббаъ ва биноҳои шафати он (дорой гунбаз, тоқ, зинаҳо, бурҷу тиркашҳо) мувофиқи техникаи ҳамон давра сохта шудаанд. Аз ин ҷо осори ҳавлии девораш таҳмондор ва пойдевораш росткунҷа, қурбонгоҳ ва ошхона ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …