Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оқтеппа

Оқтеппа

Оқтеппа, оташкадаи мансуб ба асрҳои 5—6 дар ҳудуди деҳаи Оқтеппа, 6 километр шарқтари маркази pайони Но­ви вилояти Ленинобод. Солҳои 1965—68 аз тарафи отряди археологии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии  Сотсиалистии Точикистон  таҳти роҳбарии У. Пулодов тадқиқ гардидааст. Оқтеппаро дар теппае аз хишти хом сохтаанд. Он аз ҷаҳор роҳрави 14,1- метраи ба ҳам пайваст ва як хонаи мураббаи 6,7 X 6,7 метр иборат аст.

Хо­на, ки дар миёнаҷост, чаҳор дар до­рад ва оид ба чаҳор роҳрав кушода мешаванд. Дар миёнаи хона осо­ри оташдопи чоркунҷае ёфт шуд, ки дар он оташи муқаддас ҳамеша фурӯзоп будааст. Дар чаҳор кунҷи Оқтеппа чаҳор бурҷи мудаввар ҳаст, ки онҳо аз тарафи шимоли ғарбӣ ду қатор тиркаш доранд. Дар зери яке аз ин бурҷҳо чоҳе кушода шуд, ки вай Оқтеппаро тавассути роҳи зеризаминӣ бо канали қадимии Қунғуротсой ва чашма мепайваст. Бурҷҳо мудаввар буданд ва ин имкон медод, ки муҳофизон ба се тараф тир парронанд.

Дертар дар атрофи оташкада биноoои дигар сохта шуданд, вале аз он­ҳо осори ночизе боқӣ монда аст. Бошандагони Оқтеппа бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул будаанд. Дастосҳо, досҳои оҳанӣ, донаҳои нимсӯзи гандум, ҷав, арзан, устухонҳои чорвои хонагии ёфтшуда аз ин шаҳодат медиҳанд. Зарфҳои сафолӣ бошанд, далели дараҷаи баланди тараққиёти санъати кулолианд. Аз Оқтеппа инчунин корду ханҷарҳо, ашёи зинати зано­на, пайкону нӯги найза ва ғайра ёфт шуданд. Оқтеппа аввалин оташкадаи тадқиқшудаест дар Тоҷикистон.

Адабиёт: П у л а т о в У. П., «Дом огня» в Уструшане. Тесячы докладов конферен­ции «Ранне средневековая культура Сред­ней Азии и Казахстана», Душанбе 1977.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …