Главная / Ҷуғрофия / Оқтеппа

Оқтеппа

Оқтеппа, димнаи мансуб ба асри 4 милод., ки дар водии Бешкенти pайони Шаҳртузи вилояти Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Солҳои 1955—59 онро А. М. Ман­делштам тадқиқ намуд. Оқтеппа чоркунҷа (80X70 метр) аст.

Дар қисми ҷануби Оқтеппа чор қабати маскун ошкор карда шуд. Оқтеппа бошишгоҳи деҳқонон буда, аҳолиаш acocaн аз оби чашмаҳо истифо­да мебурдааст. Дар ин бора кӯшиши бенатиҷаи аҳолии водии Бешкент, ки аз дарёи Кофарниҳон ба воситаи корезҳо об оварданӣ шудааст, шаҳодат медиҳад. Сабаби ба дигар ҷойҳо кӯчидани аҳолӣ, дар Оқтеппа ва дигар ҷойҳои водӣ барҳам хӯрдани ҳа­ёт ҳам, шояд, ҳамин камобӣ бошад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

mongolia-gorod

МУҒУЛИСТОН

МУҒУЛИСТОН, Республикаи X а л қ и и Муғулистов (Бугд Найрамдах Монгол Ард Улс). Республикаи …