Маълумоти охирин

Октава

Октава (аз лотинӣ octava — ҳаштум), дар мусиқӣ, 1) фосилаест, ки ҳашт зинаи қаторовози диатоникӣ ё шаш пардаи яклухтро дарбар мегирад: 1 октава = 1200 сент  301 савар. 2) Зинаи ҳаштуми қаторовози диатоникӣ. 3) Як қисми қаторовози мусиқӣ, ки ба он зинаҳои асосии мусиқӣ (до, ре, ми, фа, соль, ля, си) ё дувоздаҳ гаммаи хроматикии нимпардагӣ дохил мешаванд.

Тамоми қаторовозҳои дар мусиқӣ маъмул аз ҳафт октаваи пурра ва ду октаваи нопурра иборат мебошанд. Онҳо аз поён ба боло ин тавр ҷой гирифтаанд: субконтроктава (фақат се овози болоӣ — ля, си моль, си), конт­роктава, Октаваи калон, Октаваи хурд, Октаваи якум, Октаваи дуюм, Октаваи сеюм, Октаваи чорум, Октаваи панҷум (як овози поёнии до).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …