Маълумоти охирин
Главная / Илм / Октан

Октан

Октан, ноктан, карбогидриди сер C8Hie; моеъи беранг буда бӯи махсус дорад. t гудозиш— 56,8° Селсия; t ҷӯшиш 125,67° С; зичиаш 702,5 килограмм/метр3 (20* С). Адади октаниаш 17—19 аст. Якҷоя бо изооктан ва дигар изомерҳояш дар нефт, бензин (то 10%), инчунин ба миқдори зиёд дар бензини синтезие, ки аз СО ва Н2 ҳосил мекунанд, мавҷуд аст.

Октанро дар саноат бо роҳи ректификатсия ҷудо намуда, баъд бо мочевина тоза мекунанд. Ҳангоми аз болои катализатори алюмомолибденӣ ё алюмохромӣ гузаронидан Октан ба туфайли иштироки гидроген (дар 500* Селсия ва фишори 1—2 .Ми/мол2 ё 10 — 20 килограммсоат/сантиметр2) ба омехтаи карбогидридҳои ароматӣ (оксилол ва этилбевзол) табдил меёбад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …