Маълумоти охирин

Оқсил

Оқсил, як навъ касалии сироятии ҳайвонҳои ҷуфтсум. Нишонаҳояш пайдоиши обила ва малхидани пардаи луобии даҳон, сина ва байни сумҳо. Оқсил тез паҳн мешавад, ҳайвонҳои як мамлакат ва ҳатто як қитъаро саросар фаро гирифта метавонад. Ба хоҷагии қишлоқ зарари калони иқтисодӣ ме- расонад (ҳайвонҳо каммаҳсул мешаванд, ҷавонаҳо мемиранд).

Ҳозир 7 тип ва қариб 50 навъи вируси Оқсил маълум аст. Манбаи сиро- ят ҳайвони касал мебошад. Ангезандаи Оқсил бо хӯрок, ҳашароти хунмак ва ғайра паҳн мешавад. Аломатҳои Оқсил баландии ҳарорат (то 40— 41°Селсия), рафтани оби даҳон, беиштиҳоӣ, ташнагӣ, камширист. Ҳангоми мӯътадилии

Оқсил ҳайвон баъди 40—14 рӯз сиҳат меёбад. П е ш г и р ӣ: карантин, де­зинфексия, иммунизасия. М у о л иҷа: бо маҳлули трипафлавин, даҳони фаранг, перманганати калий шустани пардаи луобии даҳон, ба ҷои иллатёфта мондани марҳами пени­силлин, Одам ба Оқсил аз шири хом ё ҳангоми нигоҳубини ҳайвони касал гирифтор мешавад. Давраи инкубасионии ка­сали 3—8 рӯз аст. Касалӣ 1—2 ҳафта давом мекунад.

Адабиёт: Скоморохов А. Л., Япгур, Москва—Ленинград, 1952; Cocoa Р. Ф., Яшур сель­скохозяйственных животных, Москва, 1969.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …