Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оксиген

Оксиген

Оксиген (лотинӣ Oxygenium), Оксиген элементи химиявии гурӯҳи VI систе­маи даврии Менделеев, рақами ат. 8, массам ат. 15,9994. Оксигенро К. Шеелс (1771) дар натиҷаи тафсонидани селитраҳо (KNO3, N’aNQs), дуоксиди манган (Мп02) ва Ҷ. Пристли (1774) дар натиҷаи тафсонидани сурик (РЪэО<) ва оксиди симоб (HgO) новобаста ба якдигар ҳосил намудаанд. Оксигени тибиӣ аз 3 изотопи собит 160 (99,759%), ,70 (0,037%) ва ,80 (0,204%) иборат аст.

Оксиген дар шароити муқаррари гази беранг, бебуй ва бемазза буда, дар —182,9° Селсия ба моеи кабуди сафедтоб табдил меёбад; дар — 218,7° Селсия бошад, кристаллҳои кабуд ҳосил менамояд. Молекулам Оксиген дар шароити мӯътадил ду атоми (02) буда, дар разрядҳои электрӣ сеатома (О») ва дар фишори баланд чоратома (04) мешавад. Оксиген дар пайвастҳояш дувалента аст. Оксиген нометалли фаъол буда (баъди фтор), дар шароитҳои гуногун ба ғайр аз газхои инертӣ, тилло, платина ва галогенҳо, бо хамаи дигар элементҳо бевосита пайваст мешавад.

Қариб ҳамаи реаксияҳои Оксиген бо дигар элементҳо реаксиияи оксидша- вии экзотермист. Оксиген бо гидроген, сулфур, карбон, нитроген, фосфор дар ҳарорати муқаррарӣ хеле суст, аммо дар ҳарорати баланд тез (бо гидроген дар ҳарорати аз 550° Селсия зиёд бо таркиш) пайваст мешавад. Реаксиияи Оксиген бо нитроген эндотермӣ буда, танҳо дар ҳарорати аз 1200° зиёд ё дар разряди электрӣ ба амал меояд.

Оксиген қариб ҳамаи металлҳоро (хусусан металлҳои ишқорӣ ва ишқорзаминро) фаъол оксид менамояд. Суръати реаксиияи байни металлҳою Оксиген бо омилҳои гуногун (ҳолати сатҳи ме­талл, дараҷаи хурдии он, мавҷуд будани омехтаҳо ва ғайра) вобаста аст. Дар просесси таъсири мутақобили моддаҳо ва Оксигени об роли муҳим мебозад.

Масалан, ҳатто калий дар ҳолати набудани об бо Оксиген ба реаксия намеравад, вале бо иштироки буғҳои об (дар шароити мӯътадил) бо он бо таркиш пайваст мешавад. Оксиди баъзе металлҳо бо Оксиген пайваст шуда пероксид (Na202, В&02, КОз БЬОз ва ғайра) ҳосил мекунанд. Реаксияи мутақобили карбогидридҳою Оксиген асоси просессҳои муҳими саноатӣ ба шу- мор меравад.

Бештарин пайвастҳои органикӣ (карбогидридҳои носер, алдегиду фенолҳо, инчунин скипи­дар ва ғайра) бо Оксиген ба осонӣ пайваст мешаванд. Оксидшавии моддаҳои ғизоии ҳуҷайраҳо бо Оксиген манбаи энергияи организмҳои зинда аст. Оксиген яке аз элементҳои дар табиат паҳншудатарин мебошад.

Пайвастҳои Оксиген ка­риб 85,82% массаи гидросфера, қа­риб нисфи (47%)-и массаи литосфераро ташкил дода, танҳо дар атмос­фера, ки онҷо Оксиген дар ҳолати озод аст, баъди нитроген ҷои дуюмро (23,15% аз рӯи масса) ишғол менамояд. Оксиген 1364 хел минерал ҳосил мекунад, ки аз онҳо силикатҳо (шпати даштӣ, абрақ ва ғайра), кварс, оксидҳои оҳан, карбонатҳо ва сулфатҳо бештар паҳн гаштаанд. Дар организмҳои зинда ба ҳисоби миёна кариб 70%‘ Оксиген мавҷуд аст. Оксиген асосан ба таркиби сафедахо,  равғанҳо, ангиштобҳо ва пайвастҳои ноорганикии скелет дохил мешавад.

Оксигени озод дар просессҳои биохимиявию физиологии организм, хусусан нафаскашӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамаи организмҳои зинда (ба ғайр аз баъзе микроорганизмҳои анаэробӣ) энергияи барои ҳаёт заруриро аз ҳисоби бо Оксиген оксидшавии биоло­гии моддаҳои гуногун мегиранд.

Оксигенро дар саноат бо 3 усул ҳосилл мекунанд: химиявӣ, электролиз (электро­лизӣ об) ва физикӣ (аз_ҳаво). Оксигенини газиро дар баллонҳои пӯлодин таҳти фишори баланд (15—42 Мн/м2), Оксигени моеъро дар зарфҳои Дюар ё систернаҳои махсус нигоҳ медоранд ва мекашонанд. Оксигени техникиро дар коркарди металлҳо, кафшеру бурида­ни онҳо ва ғайра, Оксигени технологиро дар саноати химия ҳангоми ҳосил кар­дани сузишвории реактивии моеъ, равғанҳои молиданӣ, кислотаҳои нитрат ва сулфат, метанол, аммиак ва нуриҳои аммоний, пероксиди ме­таллҳо ва дигар маҳсулотхои химиявӣ, Оксигени моеъро барои тарконидан, барои муҳаррикҳои реактивӣ ва корҳои лабораторӣ, дар тиб, парвозҳои кайҳонӣ ва ғайра истифода мебаранд. Оксиген хусусан дар интенсивонии просессҳои металлургӣ ва пирометаллургӣ барои ҳосил кардани металлҳои сиёҳу ранга фаровон истифода мешавад.

Адабиёт: Чугаев Л. А., Открытие кис­лорода и теория горения в связи с фи­лософскими учениями древнего мира,

Избранные труды, том 3, Москва, 1962; Кислород,

Справка, частъ 1—2, Москва, 1967; Разумовс­кий С. Д., Кислород — элементарные формы и свойства, Москва, 1979.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …