Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ок­сиду барқароршавӣ

Ок­сиду барқароршавӣ

Ок­сиду барқароршавӣ, р е аксияҳои оксиду барқа- роршавӣ, реаксияҳои химиявианд, ки дар натиҷаи пурра ё қисман аз як атом ба атоми дигар гузаштани электронҳо ба вуҷуд меоянд. Интиқоли электрон оксидшавӣ ва пайвасти он барқароршавӣ номида мешавад.

Атомҳои нейтралӣ, молекула ё ионҳое, ки электрон қабул менамоянд, оксидкунанда ва атомҳои нейтралӣ, молекула ё ионҳое, ки электрон медиҳанд, бақароркунанда ном доранд. Ок­сиду барқароршавӣ доимо дар як вақт ба вуқӯъ меояд. Масалан, ҳалшавии руҳ дар кислотаи гидрогенхлорид:

0          +1 —1 +2 —1 о

Zn+ 2Н С1 Щ ZnCI, + Н2

о

Дар ин ҷо атоми Zn ду электрон гум +2 0 _ +2 карда ба иони Zn (Zn — 2е = Zn) ва ду иони Н+1ин ду электронро қабул карда ба молекулаи нейтрали Hj(2H+1 + 2е = Hj) табдил меёбанд.

Руҳ (барқароркунанда) оксид ва гидроген (оксидкунанда) барқаpop мешавад. Ҳангоми тартиб додани муодилаи реаксияҳои Ок­сиду барқароршавӣ  интихоби коэффисиент бисёр душвориҳо ба вуҷуд меорад. Дар чунин ҳолат истифодаи мафҳумҳои электроманфият ва дараҷаи оксидшавӣ (адади оксидкунандагӣ) муфиданд.

Электроманфият қобилияти электронҳоро ба худ кашидан ва дар назди худ нигоҳ дошта тавонистани атомҳост.

Д а р а ҷ а и оксидшавӣ зарядест, ки дар атом ҳангоми бо дигар атом пайваст шудан ва ба тарафи атоми нисбатан электроманфӣ кашида шудани ҷуфти электронҳои онро бо ҳам пайвасткунанда пайдо мешавад. Ёфтани дараҷаи оксидшавии атом дар молекула ба нейтрал будани молекула асос ёфтааст.

Одатан аз 2 усули интихоби коэффиси­ент истифода мебаранд: 1) усули баланси электронӣ он аст, ки электронҳои додашуда ва қабулшударо дар асоси қимати дараҷаи оксидшавии элементҳо пеш аз реак­сии ва баъди он ҳисоб мекунанд.

Масалан,

+ 1 +5 -2

К СЮ3 —2 _

+5        _          -1

С1 + 6е = 01;

2КСЮз = 2КС1 + 30*.

2) усули электронию и о нӣ, ки аввал муодилаи ионии реаксияро тартиб медиҳанд, баъд дараҷаи оксидшавиро ҳисоб карда, оксидкунандаю барқароркунандаро муайян мекунанд ва сипас муодилаи реаксияи оксиду барқароршавиро менависанд.

Масалан:

ҚМпОч -Ь KI *4* H2SO4 -► K2SO4 + I2 + MnS04 + Н20.;

+7 — — 1       + О      2 +

Mn04 + I”+ 2Н -► и .+ Мп +

+ Н20;

Ш о 21-— 2е – 12

МпОГ+8Н++ 5е = Мп2+ + 4Н20;

2МпОГ+ 10Г~ + 16Н+=51а+2Мп2+ + + 8Н20;

2КМп04+ЮК1 + 8H2SO4 = 6K2SO4 + + 5I2 + 2M11SO4 + 8Н20.

Просессҳои Ок­сиду барқароршавӣ дар табиат ва тех­ника бисёр мушоҳида мешаванд. Масалан, сӯзиши ҳаман навъҳои сӯзишворӣ, коррозияи металлҳо, нафаскашӣ, мубодилаи моддаҳо, барқарор намудани металлҳо, ҳосил кардани кислотаҳои нитрату сулфат, амми­ак ва дигар моддаҳои химиявӣ.

Адабиёт: Латнмер В. М., Окислител­ные состояния элементов и их потенци­алы в водных растворах, Москва, 1954; Куд­рявцев А. А., Составление химиче­ских уравнений, Москва, 1968. Кинетика и ме­ханизм электродных реакций, Алма-Ата, 1980.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …