Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оқсарой

Оқсарой

Оқсарой, ёдгории меъморӣ дар Шаҳрисабз (асри 14). Дар қисми шимоли шарқии шаҳр, дар майдони калон воқеъ буда, аз он пештоқи бо- ҳашамат ва як қисми сарой боқӣ мондааст. Тоқи ин пештоқ, ки 200 сол пеш вайрон шудааст, 22,5 метр бар ва 40 метр баландӣ дошт. Баландин ху­ди пештоқ ба 50 метр мерасид. Оқсарой дар намуди ҳозирааш ҳам бошукуҳу зебост (ҳоло баландиаш 38 метр). Гунбаз, деворҳои паҳлуии бино ва манораҳои бурҷ бо нақшҳои сипаршакл кошикорӣ шудааст. Ҷилои рангҳо, кошикорӣ, катибаҳои куфию сулс, мусаввараҳо дар мавзӯъҳои таърихй ва динӣ, нақшҳои ҳандасӣ, мунаббаткорӣ ва ғайра биноро ҷозибу зебо кардаанд.

Дар партави моҳ иморaт сафед метобад ва ба ин сабаб он Оқсарой ном гирифтааст. Сафири Испа­ния Рюи Гонзалес де Клавихо, ки Оқсаройро соли 1403 дидааст (сохтмони имо- рат ҳанӯз давом дошт), дар ёддоштҳояш шаҳомату ҷозибаи ҳайратангези Оқсаройро махсус қайд намудааст. Сохтмон 20 сол давом кардааст. Оқсарой бино ба маълумоти сарчашмаҳо, чун иқоматгоҳ ва бинои маъмурӣ истифода мешудааст. Дар пешгоҳи ҳавлӣ толори калон — девонхона, дар паҳлӯяш машварат, хонаҳои хурд- хурди ҳавлии дарун, ҳарамсаро ва хонаҳои хоссаи амир ҷойгир будаанд. Дар болои боми Оқсарой ҳавзе буда, об бо қубурҳо ба ҳавз ва аз новаҳо поён мерехтааст. Оқсаройро дар айёми мо таъмир намудаанд ва он ҳоло дар муҳофизати давлат аст.

Адабиёт: В е й м а р и Б. В., Искусство Средней Азии, Москва, 1240: Пугменко- о а Г. А., Р е м п е л ь Л. И., Выдающие­ся памятники архитектуры Узбекистана, Ташкент, 1956.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …