Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи интихоботӣ

Округи интихоботӣ

Округи интихоботӣ, воҳиди территориявии интихоботӣ барои гу- заронидани интихоботест, ки органҳои намояндагии давлатӣ ташкил карда мешавад. Округи интихоботиро оид ба интихоботи Совети Иттифоқ ва Совети Миллатҳои Совети Олил СССР Пре­зидиуми Совети Олии СССР ташкил мекунад. Барои интихоботи депутатҳои Совети Иттифоқ ва Совети Миллатҳо миқдори баробари округҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд.

Округи интихоботӣ оид ба интихоботи Совети Иттифоқи Совети Олии СССР дар тамоми территорияи СССР бо шумораи баробари аҳолӣ ташкил карда мешавад. Нормаи аҳолии Округи интихоботиро барои ҳар як интихобот Президиуми Совети Олии СССР муқаррар менамояд. Округҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Совети Миллатҳои Сове­ти Олии СССР аз рӯи нормаи зерин ташкил карда мешаванд: дар ҳар республикаи иттифоқӣ 32 округ, дар ҳар республикаи автономӣ 11 округ, дар ҳар вилояти автономӣ 5 округ ва дар ҳар округи автономӣ 1 округ.

Округи интихоботӣ оид ба интихоботи Совети Миллатҳо дар тамоми территорияи республикаҳои иттифоқӣ, республикаҳои автономӣ ва вилоятҳои автоно­мии дахлдор бо шумораи баробари аҳолӣ ташкил карда мешаванд. Мувофиқи нормаи муқарраркардаи намояндагӣ аз ҳар округ 1 депутат интихоб карда мешавад.

Комитета иҷроияи Совети депутатҳои халқӣ Округи интихоботиро бо шумораи баробари аҳолӣ дар тамоми территорияе, ки ҳамин Совети депутатҳои халқӣ муттаҳид мекунад, ташкил менамояд. Ҳангоми муайян кардани ҳудуди Округи интихоботӣ тақсимоти маъмурӣ-территориявӣ ва дигар хусусиятҳо ба назар гирифта мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …