Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи ҳарбии Осиёи Миёна

Округи ҳарбии Осиёи Миёна

Округи ҳарбии ордени Байрақи Сурхдори Осиёи Миёна, қисмҳои ҳарбӣ, соединенияҳо ва муассисаҳои харбӣ, ки дар территорияи РСС Тоҷикистон, РСС Қазоқистон, РСС Қирғизстон воқеъ аст. Бо округи ҳарбии Туркистон алоқаи узвӣ дорад. Бо фармони Совети ҳарбии револютсионии республика аз 4 июни 1926 Фронта Туркистон ба Округ табдил дода шуд ва территорияи РСС Ӯзбекистон, РСС Туркманистон РАСС Қазоқистон (аз соли 1936 республикаи иттифоқӣ), РАСС Тоҷикистон(аз соли 1929 республикаи иттифоқӣ) вилояти автономии Қароқалпокистоп (аз соли 1932 республикаи ав­тономӣ) ба ҳамин округ итоат мекард.

Округ дар солҳои Ҷанги Бузурги Вата­нӣ (1941—45) барои тайёр кардани қӯшуни эҳтиётӣ ба армияи амалкунанда ва таъмини бехатарӣ дар сарҳадҳои ҷанубӣ тадбироти муҳим ба ҷо овард. Соли 1945 Округ ба Округи ҳарбии Дашт ва Округи ҳарбии Туркистон тақсим шуд. Округи ҳарбии Дашт территорияи РСС Қазоқистон (ғайр аз вилоятҳои Қазоқистон Ғарбӣ, Гурев ва Ак­тюбинск)-pо, Округи ҳарбии Тур­кистон территорияи РСС Тоҷикистон РСС Ӯзбекистон, РСС Туркманистон, РСС Қирғизистонро дар бар гирифт. 13 феврал 1946 бо фармони Ко­миссариати мудофиаи халқии СССР Округи ҳарбии Дашт барҳам дода шуд ва қӯшунҳои он аз ҷиҳати ташкилӣ ба таркиби Округи ҳарбии Тур­кистон даромаданд.

Июни 1969 дар қисми территорияи Окру­ги ҳарбии Туркистон боз Округ ташкил ёфт. Ба Округ дар қатори соединенияҳои дигар дивизияи гвардиягии мототирандозии ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ И. В. Панфилов дохил аст. Барои тайёр намудани ҷанговарон яке аз полкҳои ин диви­зия бо ордени Байрақи Сурхи ҷангӣ тақдир карда шуд. Барои саҳми худ дар мудофиаи Ватан ва тайёрии сиёии ҷанговарон Округ соли 1975 Ордени Байрақи Сурхи ҷангӣ гирифт. Фармондеҳи қӯшунхои Округ генерали ар­мия Н. Г. Ляшко (1969—78) буд, аз соли 1978 генерал-полковник П. Г. Лушев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …