Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи ҳарбӣ

Округи ҳарбӣ

Округи ҳарбӣ, дар СССР иттиҳодияи территориявии умумиқӯшунии қисмҳо, соединениям, донишкадаҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои гуногуни маҳаллии ҳарбист. Ба Округи ҳарбӣ фармондеҳи қӯшунҳои округ, ки тобеи Вазорати мудофиа аст, рохбарӣ мекунад. Дар Россия аввалин Округҳои ҳарбӣ солҳои 1862—64 ташкил ёфтаанд. Дар СССР аввалин 6 Округи ҳарбии Ярославл, Москва, Орёл, Беломор, Урал ва Приволжск марти (1918) дар давраи Ҷанги гражданӣ (1918— 20) бо мақсади тайёр намудани резерви азами қӯшунҳо барои фронтҳои амалкунанда ташкил карда шуданд.

Минбаъд вобаста ба масъалаҳои мудофиаи Иттифоқи Совети ва инкишофи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР адади округҳои ҳарбӣ тағйир ёфт. Macалан, пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) 16 Округи ҳарбӣ ва 1 фронт вуҷуд дошт, пас аз ҷанг (аз соли 1945) 33 Округи ҳарбӣ буд, то октябр 1946 бошад, ада­ди онҳо кам карда шуд, 21 Округи ҳарбӣ монд. Фармондеҳи қушунҳои Округи ҳарбӣ чорабиниҳои ҳарбиро бо ёрии штаби округ, управленияи сиёсӣ ва идораву шӯъбаҳои дигари округ ба амал меорад. Округи ҳарбӣ дар баъзе мамлакатҳои сотсиалистӣ (РДГ, РССЧ ва дигар) ва капиталистӣ (ШМА, Франсия, Аргентина, Белгия ва дигар) ҳам вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …