Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи Автономии Ненесҳои Ямал

Округи Автономии Ненесҳои Ямал

Округи Автономии Ненесҳои Ямал, дар ҳайати вилояти Тюме­ни РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Дар Ақсои Шимол, дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ гардидааст; 50% территорияи он дар паси Доираи Қутби Шимолӣ ҷой дорад. Онро баҳри Кара иҳота кардааст. Ҷазираҳои Белый, Олений, Шокалский ва ғайра ба он дохиланд. Масоҳат 750,3 ҳазор километр2. Аҳолиаш 158 ҳазор нафар (1979). Ба 7 райони маъмурӣ тақсим шуда, 3 шаҳр ва 2 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Салехард.

            Табиат. Территорияи Округ 2 нимҷазираи калон: Ямал ва Гыданскро дарбар мегирад, ки онҳоро халиҷакҳои Обь ва Тазовский аз ҳамдигар ҷудо кардаанд. Дар Ғарб халиҷаки Байдараск, дар Шимол халиҷакҳои Гыданский ва Юнаск воқеанд. Сатҳаш пасти ҳамвор (баландии миёна 100 метр) аст. Дар Ғарб қитъаи борики нишебии шарқии Урали Қутбӣ тул кашидааст.

Иқли­маш континентӣ. Зимистонаш қаҳратуни дарозмуддат аст, зуд-зуд тӯфон мехезад. Ҳарорати миёнаи январ аз —24,5° Селсия (ҷазираи Белый) то —25,7°Селсия (Новый Порт). Тобистонаш кӯтоҳу салқин ва нисбатан хунук; ҳарорати миёнаи июл 3,6—40,2° Селсия. Дар қисми ҷануби округ бештар континентист; ҳарорат миёнаи июл 14,4—15,3° Селсия. Боришоти солона 220—420 милиметр.

Давраи нашв аз 44 шаборӯз дар Шимол, то 120 шаборӯз дар Ҷануб, дар қисми зиёди территория яхбандии доимӣ дида мешавад. Дарёҳои калонаш — Об, Таз, Пур, На­дым, Мессояха ва ғайра ба ҳавзаи баҷри Кара мансубанд. Кӯли бисёр дорад; калонтарини онҳо — Яррото, Нейто ва Ямбуто. Хоки қисми шимол Округ тундравию глеии ботлоқй, қисми ҷануб глеию хокистарӣ, хокистарию ботлоқист.

Хоки соҳили дарёҳои калон аллювиалӣ ва гилдор аст. 3/5  қисми территорияи Округро тундра ва бешатундра фаро гирифтааст. Дар қисми ҷануби Округ бешаи дарахтони сӯзанбарг, коҷ, ҷалғӯза мерӯяд. Дар тундра гавазни шимолӣ,. заргӯш, қоқум, дар қисми ҷанубӣ самур, санҷоб, санҷоби сибирӣ ва аз паррандаҳо каб­ики сафеду тундравӣ, чилмурғ ва ғайра вомехӯранд. Дарё ва кӯлҳо аз моҳӣ боянд, халиҷакҳои Об ва Тазовский белуха, нерпа доранд.

            Аҳолӣ. Дар Округ русҳо, ненесҳо, хантиҳо, комиҳо, селкупҳо ва дигар зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 0,2 кас. Аҳолӣ асосан дар соҳили дарёи Об ва диг. дарёҳои калон, дар қисми ҷануб халиҷаки Об ҷойгир шудааст. Шаҳрҳо: Сале­хард, Надым, Лабытнанги.

            Маълумоти таърихӣ. Инсон дар ин территория дар давраи неолит маскун шу­да буд. Дар давраи биринҷӣ шикорчиёну моҳигирон дар соҳилҳои дарёҳои Об ва Таз дар заминканҳо истиқомат карда бо қабилаҳое, ки ба маданияти андронӣ мансуб буданду дар бешадашту даҳтҳои ҷануб зиндагӣ мекарданд, аз ҷиҳати этникӣ ба ҳам хеле наздик буданд. Аҳолии таҳҷоӣ дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то милод ҳаёти муқимӣ ба cap бурда бо шикор, моҳигирӣ ва шикори ҳайвонҳои баҳрӣ машғул бу­данд.

Ненесҳо дар ҳазораи 2 милод дар минтақаи тундра га- вазнпарвариро ривоҷ доданд. Муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ ҳукмрон буд. Саноатчиён ва савдогарони (новгородиҳо) рус дар асри 11 ба ин сарзамнн cap да- роварданд. Дар охири асри 16 он ба Россия ҳамрод карда шуд. Соли 1595 дар резишгоҳи дарёи Об деҳаи Обдорск (шаҳри Салехарди ҳозира) ва соли 1601 шаҳри Мангазея сохта шуд.

Дар асри 19 ба таври оммавӣ ба ҳавзаи Об кӯчидани комию зирянҳои Паси Урал cap шуд. Асрҳои 18— 19 дар байни аҳолии назди Оби По­ён муносибатҳои феодалӣ, баъдтар молию пулии капиталистӣ пайдо шуд. Амалдоронн Россияи подшоҳӣ ба гардани ненесҳо, хантиҳо, селкупҳо андози зиёд бор карданд, саноатчиёни рус ва савдогарон комию зирянҳоро бераҳмона истисмор мекарданд.

Аҳоли бесавод буд, аз гуруснагӣ ва беморӣ мемурд. Солҳои 1820—40 таҳти роҳбарии Ваула Пиеттомин шуриши калони камбағалони хантию ненесҳо бархост. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр мардуми Шимоли Обро аз зулми миллӣ ва истисмор озод намуд. Апрели 1918 дар Обдорск Ҳокимияти Советӣ барпо карда шуд, аммо дар территорияи вилоят то охири соли 1921 ҷанги гражданӣ мерафт.

Органҳои ҳокимият дар маҳалҳо — Советҳо бу­данд, ки дар кори оиди русҳо, не­несҳо, хантиҳо ва комиҳо иштирок мекарданд. Территорияи ҳозираи Округ то соли 1930 аввал дар ҳайати уездҳои Берёзовский ва Сургути губ. Тюмен, баъд дар ҳайати pайони Обдорски ок­руги Тоболи вилояти Урал дохил буд. Округ соли 1944 ба вилояти Тюмен ҳамроҳ карда шуд.

Аз ибтидои соли 1930 тo 1940 хоҷагиҳои гавазппарварӣ ва шикорчиёну моҳидорон коллективонида шуданд. Дар ҳамин давра посёлкаҳои обод сохта шуданд. Аҳолии кӯчманчӣ ба ҳаёти муқимӣ мегузашт, Шабакаи мактабҳои маълумоти умумӣ, муассисаҳои маданӣ ва табобатӣ вусъат ёфт, интеллигенсияи миллӣ ба вуҷуд омад. Халқи рус дар сохтмони сотсиализм ба халқи маҳаллӣ ёрии калон расонд. Меҳнаткашони округ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронтҳо далерона меҷангиданд ва дар ақибгоҳ меҳ­нат мекарданд. Округ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) ва ордени Дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шуд._

            Хоҷагӣ. Саноати газ ва моҳӣ дар иқтисодиёти. Округ ҷои асосиро мегирад.

Гавазнпарварӣ, шикори ҳайвоноти мӯинадор ва моҳидорӣ соҳаҳои анъанавии хоҷагианд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 1941—77 101 маротиба афзуд. Соли 1960 дар территорияи  Округ захираи калони газ кашф карда шуд.

Газ аз конҳои Медвеже, Уренгой, Комсомолскии Шимолӣ ва Выганпурское истихроҷ мешавад. 2 комбинат ва 5 заводи моҳӣ (Салехард, Тазовский, Новый Порт) дорад. Саноати ҷангал ва чӯбгари тараққӣ кардааст. Саноати масолеҳи бинокорӣ ташкил гардид. Соли 1978 0. 13 совхоз, 3,3 ҳазор гов, 2,0 ҳазор хук, 0,3 ҳазор гӯсфанд. 357 ҳазор гавазн дошт; он яке аз калонтарин районҳои гавазнпарва- рии мамлакат мебошад.

Округ ба миқдори зиёд мӯина тайёр мекунад. Дар фермаҳои парвариши ҳайвоноти мӯинадор рӯбоҳи нуқрафоми сиёҳчатоб, рӯбоҳи кабуди шимолӣ ва шағора мепарваранд. Рӯбоҳи шимолӣ, самур, санҷоб, қоқум аҳамияти калони хоҷагӣ доранд. Дар Салехард стансияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқ кор мекунад, ки гармхона ва ниҳолхона дорад. Дарёҳои Об, Надым, Таз, Пур киштигарданд.

Роҳи баҳрии Шимол аҳамияти калон дорад. Барои кашфи конҳои нави газ ва кашонидани чӯб роҳи оҳан Сургут — Уренгой сохта шуд. Салехард ба воситаи роҳҳои хавоӣ бо якчанд шаҳрҳои СССР пайваст шудааст. Нақлиёти трубопрово­да аҳамияти калон дорад. 4 хати газопроводи Надым — Пунга амал мекунад. Газопроводи Мессояха — Норилск (навбати 3-юм) Уренгой— Сургут — Челябинск сохта шуд.

Сохтмони маданӣ. Соли 1914 Округ ҳамагӣ 3 мактаби ибтидоӣ дошт. Соли таҳсили 1978/79 дар 60 мактаби маълумоти умумӣ 27,3 ҳазор нафар, дар мактабҳои миёнаи махсус 1,1 ҳазор нафар талаба таҳсил мекард. Соли 1979 Округ 454 духтур, 1647 коркунони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 1945 кат дошт. Соли 1978 дар муассисаҳои томактабӣ 4,5 ҳазор нафар кӯдак тарбия гирифт. Соли 1978 3 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносӣ (Сале­хард), 95 клуб, 107 дастгоҳи филмнишондиҳӣ амал мекард.

Газетаҳои округӣ:  «Наръяна нгэрм» («Шимоли Сурх», аз соли 1953, ба забони ненесӣ) ва «Красный Се­вер» (аз соли 1931) ба забони русӣ нашр мешаванд. Аҳолӣ барномаи якуми Телевизиони марказиро ба воситаи системаи «Орбита-3» тамошо мекунад, инчунин барномаи якуми Радио» умумииттифоқӣ ва маҳаллиро мешунаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …