Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи Автономии Ненесҳо

Округи Автономии Ненесҳо

Округи Автономии Ненесҳо, дар ҳайати вилояти Архангелски РСФСР. 15 июли 1929 ташкил шудааст. Дар интиҳои Шимоли Шарқ ҳамвории Европаи Шарқӣ воқеъ аст. Онро баҳрҳои Сафед, Баренс, Печора, Кара иҳота кардаанд. Масоҳати 176,7  ҳазор километр2. Аҳолиаш 47 ҳазор нафар (1979). Асосан Ненесҳо, русҳо, инчунин комиҳо, украинҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 0,2 кас. 1 шаҳр, 1 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Нарян-Мар. Бо ордени Дӯстии Халқҳо мукофотонида шудааст (1972).

            Табиат. Сатҳаш ҳамвор. Қаторкӯҳҳои қадимию вайроншудаи Канин Ка­мен, шохаҳои шимоли қаторкӯҳи Тиман, Пай-Хой (баландиаш 300—400 метр) мавҷуданд. Қисми ғарбии тундраҳои Канин ва Малоземел ҳамвору ботлоқзор аст. Иқлимаш қаҳратун, ҳарорат, миёнаи январ аз —12 то —22° Селсия,. июл аз 6 то 13° Селсия. Боришоти солона 280—420 милиметр. Дар бисёр ҷойҳо яхбандии бисёрсола дида мешавад.

Давраи нашви растанӣ 72—110 шаборӯз. Дарёча ва кӯлҳои хурди зиёде дорад. Дарёи Печора аз территорияи Округи автономии ненесҳо мегузарад, ки поёнобаш киштигард аст. Хокаш асосан тундрагӣ-глеӣ буда, дар Ҷанубу Ғарб қитъаҳои ҳоки клеӣ-хокистарӣ вомехӯранд. Бештар аз 3/4 қисми масоҳаташ тундра аст.

Бештар алафу ушназорҳо  дар соҳили дарёҳо бедзори зич, дар Ҷануб ва Ҷануби Ғарбӣ округ беша, дар дарёбоди Печора ва соҳили баҳрҳо марғзорҳо мавҷуданд. Қисми зиёди территорияи  Округи автономии ненесҳо  дар фаслҳои гуногун  ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад.  Олами ҳайвоноташ бой. Ҳайвоноти шикорӣ: рубоҳ, рӯбоҳи шимолӣ, аз паррандаҳо кабки сафед, ғоз, мурғобӣ ва ғайра. Дар дарё ва баҳрҳо моҳӣ бисёр аст.

Маълумоти таърихӣ. Солномаи Нестор яке аз аввалин сарчашмаҳоест, ки дар бораи ненесҳо маълумот медиҳад  (охири  асри 11 ). Территорияе, ки ненесҳо зиндагӣ мекарданд, аз охири асри 16 — то ибтидои асри 17 дар итоати давлати Москва буд. Аҳолии маҳаллӣ бодиянишин буда, бо гавазнпарварӣ, моҳидорию шикор шуғл дошт.

Ҷабру зулми амалдороии подшоҳӣ, маҷбуран ҷорӣ кардани дини насронӣ ненесҳоро борҳо ба шуриш хезонда буд  (шуришҳои халқии 1719, 1731, 1749; калонтарин шӯриш таҳти роҳбарии ненес Вавле Неняги дар солҳои 1825—40). Пас аз ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр ненесҳо аз вартаи ҳалокат озод шуданд, дар ҳаёти иқтисодӣ ва маданни онҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад.

Меҳнаткашони ненес дар замони ҷанги граждании солҳои 1918—20 Шимоли Советиро аз гвардиячиёни сафед ва интервентҳо мудофиа карданд. Дар территорияи Округи автономии ненесҳо  тобистони 1921 Ҳокимияти Советӣ пурра барқарор шуд. Бо қарори Президиуми КИМ-и Умумироссия июли 1929 Округи миллии ненесҳо ташкил карда шуд (аз соли 1977 Округи автономии ненесҳо.)   Халқи рус ва дигар халқҳои СССР тараққӣ додани хоҷагии халқ ва тайёр намудани кадрҳои миллӣ ба ненесҳо ёрии калон расонданд. Аввалин ячейкаи ВКП(б) соли 1930 ташкил шуд. Намояндагони халқи ненес дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашистони истилогар иштирок карданд.

            Хоҷагӣ. Соҳаҳои  асосии хоҷагии халқ гавазнпарварӣ, моҳигирӣ, шикор ва сайди хайвоноти баҳрӣ. Округи автономии ненесҳо яке аз ноҳияҳои асосии гавазнпарварии СССР мебошад. Дар поёноби  Печора ва районҳои наздибаҳрии – Ғарби Округи автономии ненесҳо  8 колхози моҳигирӣ ташкил карда шудааст.

Бо киштиҳои пуриқтидори худ ин хоҷагиҳо ҳатто аз уқёнуси Атлантик моҳӣ мегиранд. Округи автономии ненесҳо  тақрибан 1/4 қисми мӯинаи вилояти Архангелскро тайёр менамояд (асосан рӯбоҳи шимолӣ). Дар 4 фермаи хайвоноти мӯинадор рӯбоҳи кабудчатоби шимолӣ, рӯбоҳи нуқрафоми сиёҳчашм, самури обӣ ме­парваранд.

Чорводорӣ ҳам вусъат меёбад. Соли 1978 8,1 ҳазор гов, 0,5 ҳазор хук, 2,0 ҳазор бузу гӯсфанд, 178 ҳазор гавазни шимолӣ дошт. Зироаткорӣ тараққӣ кардааст. Бештар картошка мекоранд. Саноати хӯрокворӣ виз вусъат ёфтааст (комбинатҳои моҳӣ, гӯшт ва заводҳои равған). Заводи чу­бу тахта кор мекунад. Конҳои газ ва нефт мавдуданд. Бандарҳо: Нар­ян-Мар. Амдерм. Нарян-Мар бо як қатор шаҳрҳои СССР ва районҳои худи Округи автономии ненесҳо  бо роҳи ҳавоӣ алоқа дорад.

                Сохтмони маданӣ. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ненесҳо алифбои худро тартиб доданд. Соли хониши 1978—79 дар мактабҳои маълумоти умумӣ, 8,5 ҳазор талаба, дар мактабҳои миёнаи махсус 0,6 ҳазор талаба мехонд. Дар Округи автономии ненесҳо  37 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносӣ, хонаи эҷодиёти халқ, мактаби мусиқӣ, театри намоишдиҳӣ, хонаи пионерон кор мекарданд.

Дар Нарян-Мар стансияи таҷрибавии Институти тадқиқоти илмии хоҷагии қишлоқи Шимоли Ақсо мавҷуд аст. Соли 1979 дар Округ 102 духтур, 502 коркунони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 540 кат буд. Барномаҳои радио ба забони русӣ, ненесӣ шунавонида мешаванд. Аҳолӣ ба воситаи стансияи «Ор­бита» барномаҳои телевизиони марказиро тамошо мекунад. Газетаи округии «Нарянат-вындер» («Туяд­рачии сурх», аз соли 1929 ба забони ру­сӣ) нашр мешавад.

            Адабиёт. Ненесҳо то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр хат надоштанд. Шаклҳои гуногуни адабиёти даҳонакӣ вуҷуд дошт. Рассом ва гӯянда Тыко Вылка (И. К Вылка 1883—1960) шӯҳрати калон дошт. Афсона ва достонҳои ӯ солҳои 1936 ва 1965 нашр шуданд. Анъанаи ӯро забоншиносу фолклоршиноси ненец А. П. Пырерко (1905—41) давом дод. Ӯ маҷмӯаи «Афсонаҳои ненесӣ» (1935), «Афсонаҳои ту» (1936), «Писари кампир» (1939) ва повести «Писари хурдии Вэдо»-ро (1940, 1960) нашр кард.

Дар пешрафти адабиёти хаттии ненесҳо олимони рус Г. Н. Прокофев, Г. Д. Вербов, А. А. Савелев хизмати калон карданд. Дар солҳои пас аз ҷанг шоирон А. И. Пичков (таваллуд 1934), маҷмӯаи «Пайраҳаи гавазнҳо», (1969), В. Н. Ледков (таваллуд 1933), маҷмӯаи «Яхистон» (1972) ва ғайра чоп карданд. Бисёр асарҳои нависандагони халқҳои СССР ба забони ненесӣ ва асарҳои адибони ненес ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …