Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи автономии Корякҳо

Округи автономии Корякҳо

Округи автономии Корякҳо, дар ҳайати вилояти Камчаткаи РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳат 301,5 ҳазор километр2. Аҳолӣ 34 ҳазхор нафар (1979). Дар Округи автономии  Корякҳо асосан русҳо, корякҳо, чукчихо, ителменҳо ва эвенҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии ми­ёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 0,1 нафар.

Ба 4 райони маъмурӣ ва 5 поселкаи типпи шаҳр тақсим шудааст. Марказаш посёлкаи Палана. Округи автономии  Корякҳо бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1974) ва Дӯстии Халкҳо (1972) мукофотонида шудааст. Округи автономии  Корякҳо  нисфи шимоли нимҷазираи Камчаткаро, ки ба он як қисми материк ва ҷазираи Ка­рягин пайвастаанд, ишғол кардааст. Округи автономии  Корякҳоро баҳри Охота ва баҳри Беринг иҳота кардаанд.

Релефаш асосан кӯҳӣ, Дар ин ҷо як қисми қаторкӯҳҳои Мобайнӣ (баландии миёнааш 600—900 метр), Коряк (кӯҳи Ледяная, 2562 метр), паҳнкӯҳи Коряк воқеанд. Пастиҳо (Пенжина ва водии Парапол) ботлоқзор буда, бисёр кӯлҳои хурд доранд. Халиҷҳои калонтарин: Олюторский, Корфа, Карагин ва Пенжипа. Дарёии калон — Пенжина. Иқлимаш субарктикӣ, қаҳратун, ҳарорати миёна аз —10°Селсия (дар созҳил) то —28°Селсия (дар районҳон марказӣ), июл 10—13Селсия.

Боришоти солона дар нишебиҳои шамолрас 800—4000 миллиметр, дар қисмҳои дигар 300—800 миллиметр. Яхбандии доимӣ дар бештари территорияи Округи автономии  Корякҳо мушоҳида мешавад. Хокаш тундравӣ, торфию ботлоқӣ. Территорияи Округи автономии  Корякҳоро тундра ва бешатундра (дарахтони ҷалғӯза, тӯс, шарбин) фаро гирифтаанд. Ҳайвонҳои асосии шикорбоб: самур, рӯбоҳ, қоқум, рӯбоҳи шимолӣ, заргӯш, га­вазни шимолӣ ва ғайра. Парранда ва хусусан мурғобиҳои гуногун бисёранд. Дар обҳои назди соҳил моҳӣ (озодамоҳӣ, шӯрмоҳӣ, навага ва ғайра) ва ҳайвонқои баҳрӣ бисёранд.

Аввалин бошишгоҳхои корякҳо дар асри 17 маълум шуд. Нахустин маълумот доир ба онҳо ба туфайли саёҳати С. И. Дежнёв (миёнаи асри 17) ба даст оварда шуданд. Мувофиқи маълумоти баҳисобгирии соли 1897 7335 нафар коряк буд. Онҳо асосан бо гавазнпарварӣ, шикор, моҳидорӣ машғул буданд. Асрҳои 18—19 дар байни онҳо ва русҳо, инчунин амернкоиҳо (охири асри 19 ва аввали асри 20) савдо ривоҷ ёфт.

Ҳокимияти Советӣ дар Коряк зимистони солҳои 1922—23 пурра барқарор гашт. Револютсияи Кабири Сотсиалистт Октябр роҳи тарақкиёти ғайрикапиталистиро кушод, Дигаргунсозиҳои сотсиалистии хоҷагӣ, маданӣ ва маиширо ба амал баровард. Дар солҳои 30-юм корякҳо ба роҳи коллективонии хоҷагӣ гузашта, муқимӣ шуданд. Хоҷагиҳои шикор, моҳидорӣ ва ғайра аз нав ташкил гардиданд, саноат низ тараққӣ кард.

Саноати моҳӣ аҳамияти калон дорад. Дар Округи автономии  Корякҳо 6 комбинати моҳӣ ва заводҳои моҳӣ, 6 колхози моҳидорӣ (посёлкаи Уст-Хайрюзово, Ивашка, Тилички, Илпырь, Апука, Карага) мавҷуданд. Округ ҳар сол ҳазорҳо сент­нер моҳӣ мегирад. Аз кони Корфа ангишти бӯр истихроҷ карда мешавад. Соли 1977 дар Округи автономии  Корякҳо  68,5 миллион киловатт соат қувваи электр истеҳсол шуд. Соли 1978 2,7 ҳазор гов, 3,8 ҳазор хук ва 157 ҳазор cap гавазни шимолӣ дошт.

Намудҳои асосии нақлиёт — ҳавоӣ ва баҳрӣ.

Соли таҳсили 1977/78 дар 43 мактаби миёна 7,6 ҳазор нафар ва дар омӯ- зишгоҳи касбҳои техникии деҳот 240 нафар хонанда таҳсил мекард. 42 китобхонаи оммавӣ, 58 клуб, хонан пионерон, 6 мактаби мусиқӣ мавҷуд буд. Соли 1979 Округ 196 духтур, 592 коркунони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 1105 кат дошт.

Газетаи округии «Корякский ком­мунист» (аз 1937) чоп мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …