Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи Автономии Коми Пермиҳо

Округи Автономии Коми Пермиҳо

Округи Автономии Коми Пермиҳо, дар ҳайати вилояти Пер­ми РСФСР. 26 феврал 1925 ташкил шу­дааст. Масоҳат 32,9 ҳазор километр2. Аҳолӣ 173 ҳазор нафар (1979), аҳолии асосӣ коми-пермиҳо ва русҳо. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 5,3 нафар; аҳолии шаҳр 24%. Ба 6 район тақсим шуда, 1 шаҳр, 3 поселкаи типпи шаҳр дорад. Марказаш— Кудымкар.

Дар назди Урал, дар болооби Кама ҷойгир шудааст. Сатҳаш ҳамвори сертеппа. Дар Шимол Увалҳои Шимолӣ (баландиаш то 271 метр), дар Ғарб баландии Камаи Боло (баландиаш 280 метр) тӯл кашидаанд. Қисми зиёди территорияи округ аз пастиҳо иборат аст. Сарватҳои зеризаминӣ: маъдани оҳан, мергел, охра, масолеҳи бино­корӣ, ангишти бӯр, торф, тилло, нефт. Иқлимаш континентӣ. Ҳарорат миёнаи январ —15,7* Селсия ,июл 17,6° Селсия (Кудымкар). Боришоти солона 500— 550 миллиметр.

Дарёии асосӣ: Кама бо шохобҳояш — Коса, Инва, Весляна. Кӯлҳояш асосан дар дарёбоданд (Ле­ман, Нахты, Старая Кама ва дигар). Хокаш асосан хокистарӣ, дар Ҷануб— чимтолию хокистарӣ. Зиёда аз 80% территорияи округ бешазор аст (дарахтони санавбар, коҷ, шарбин, ладен, тӯс). Дар бешазорҳо санҷоб, харгӯш, қоқум, рӯбоҳ, савсор, гавазни шимолӣ, шоҳгавазн ва аз паррандаҳо мурғи чипори ҷангалӣ, тазарв, титав вомехӯранд.

Дар нимаи 2-юми асри 15 хоки комию пермякқо ба князии Мо­сква ҳамроҳ карда шуд. Ба ин муносибат аҳолии рус ба ин ҷо ҳиҷрат кард. Дар охири асри 19 дар деҳоти Округ, ки то 55% камбағалон зиндагӣ мекарданд, нобаробарии иқтисодӣ авҷ гирифт. Револютсияи Октябри 1917 барои ко­ми пермякҳо роҳи нави тараққиёти ғайрикапиталистиро боз намуда, навсозии сотсиалистии хоҷагӣ, мада- нӣ ва маишии онҳоро таъмин кард Аз давраи ташкилшавӣ то соли 1934 округ дар ҳайати вилояти Урал ва баъд дар ҳайати вилояти Свердловск буд; аз соли 1938 дар ҳайати вилояти Перм мебошад.

Сарвати асосии округ — беша. Саноат асосан бо тайёр кардани чубу коркарди он (қариб 70% маҳсулоти саноат) машғул аст. Ба воситаи дарёи Камаю шохобҳои он чӯбро равон мекунанд. Мебелсозӣ ва коркарди чу­бу тахта тараққӣ кардааст. Саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли катон ва масолеҳи бинокорӣ низ пеш рафтааст. Дар Кудымкар комбинатҳои консерви мева ва гӯшт, заводҳои катон, чӯянгудозӣ, таъмири механикӣ ва масолеҳи бинокорӣ ва дар Пожва заводи «Ле- сосплавмаш» ҷой гирифтаанд.

Xоҷагии қишлоқ асосан ба парвариши катон, ғалла ва чорвои ширу гӯштдеҳ машғул аст. Замбӯри асалпарварӣ, картошкакорӣ ҳам таракқӣ кардааст. Аз ғалла гандум, ҷав, сулӣ, ҷавдор, aз зироати техникӣ зағир кишт кар­да мешавад. 1 январи 1978 дар округ 113 хазор cap гов, 31 ҳазор cap хук, 32 ҳазор cap гӯсфанд буд.

Шикори хайвони мӯинадор низ инкишоф ёфтааст. Автомобил ва киштиҳои Дар­еӣ нақлиёти _асосии округанд. Роҳи калони автомобилӣ: Менделеево — Кудымкар, Кудымкар—Пожва, Ку­дымкар — Гайна. Дарёи Кама — киштигард Соли таҳсили 1978/79 дар мактабҳои маълумоти умумӣ 35,7 ҳазор талаба таҳсил мекард. Дар мактабҳои миёнаи махсус 4,5 хазор талаба таҳсил мекард.

4 мактаби мусиқӣ, техникумҳои ҷангалу техникӣ ва хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва пе­дагогӣ, 4 омӯзишгоҳи касбҳои тех­никӣ, 130 китобхонаи оммавӣ, 211 клуб ва хонаи маданият, музеи кишваршиносӣ, театри драма (дар Ку­дымкар) мавҷуд буданд. Соли 1979 Округ 289 духтур, 1755 коркунони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 2190 кат дошт.

Газетаи округии «-По ленинскому пу­ти» («Бо роҳи ленинӣ аз соли 1926) ба забони русӣ ва коми нашр мешавад.

Гуфтор ва барномаҳои радио ва телевизиони Перм ва Москва шунавонида ва намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …