Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи автономии Эвенкҳо

Округи автономии Эвенкҳо

Округи автономии Эвенкҳо, Эвенкия, дар ҳайати кишвари Крас­ноярски РСФСР. 10 декабри 1930 (то 1977 Округи миллии Эвенк) ташкил шу- дааст. Масоҳат 767,6 ҳазор километр2. Аҳолиаш 16 ҳазор нафар (1979). Ба 3 райони маъмурӣ ва 1 посёлкаи типи шаҳр тақсим шудааст. Марказаш посёлкаи Тура.

Табиат. Округи автономии Эвенкҳо дар қисми марка­зии паҳнкӯҳи Сибири Миёна воқеъ буда, қисми баландтарини округ пуштакӯҳи Путоран (нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Камен —1701 метр) мебошад. Қисми зиёди ҳавзаи ангиштсанги Тунгус дар территорияи Округи автономии Эвенкҳо ҷойгир аст; дар районҳои Тунгускаи Поён ва Тунгускаи Зерисанг кони маъдани оҳан, металлҳои ранга, гра­фит, шпати исландӣ, нефт, газ ҳаст.

Иқлимаш континентии шадид. Зи- мистонаш дарози қаҳратун. Ҳарорати миёнаи январ дар Ванавара — 26,5° Селсия, дар Тура — 36,8° Селсия, дар Ессей — 37,2° Селсия. Тобистонаш кутоҳи гарм. Ҳарорати миёнаи июл дар Эссей 13,3° Селсия, дар Тура 15,5° Селсия, дар Ванава­ра 16,8* Селсия. Боришоти солона 300— 500 миллиметр. Қариб тамоми территорияи Округи автономии Эвенкҳо яхбандии бисёрсола фаро гирифтааст. Дарёҳои асосиаш — шохоби рости Енисей — Тунгускаи Поён ва Тун­гускаи Зерисанг.

Кӯлҳои калонтаринаш — Эссей, Виви, Агата, Северное, Някшингда. Хокаш асосан кӯҳию ҷангалии хокистарӣ, дар Шимол— Ғарб хокаш кӯҳию тундравӣ, дар Ҷануб чимтолию хокистарӣ. Қисми зиёди территорияи Округи автономии Эвенкҳо тайга (сӯзанбарг, коҷ, санавбар ва ғайра) ташкил мекунад; 1/4 қис­ки территорияро беша (64 миллион гектар) фаро гирифтааст.

Дар Шимоли Ақсо бе­шаи сираки дарахтони сузанбарг ва тундра ҷой гирифтааст. Олами ҳайвоноташ бой ва гуногун. Аз ҳайвоноти мӯинадор самур, санҷоб, инчунин хирси бӯр, харгӯш, росомаха, мири мушон, рӯбоҳ, гург, гавазни шимолӣ, ва ғайра; аз парранда титав, мурғи чинор, кабки шимолӣ ҳаст. Дар дарёву кулҳо тосмоҳӣ, таймен, стерляд, сич, чир, хариус, селяд, налим, шӯртан, окун, карас, ря­пушка ва ғайра бисёранд.

Аҳолӣ. Дар Округи автономии Эвенкҳо асосан русҳо, эвенкҳо, ёқутҳо ва дигар зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр*, 0,02 кас.

 Маълумоти таърихӣ. Дар ибтидои ҳазораи 2 милод дар территорияи ҳозираи Округи автономии Эвенкҳо эвенкҳо сокин шуданд. Машғулияти асосии аҳолӣ шикор, гавазнпарварӣ ва моҳигирӣ буд. Дар нимаи аввали асри 17 территорияи ҳозираи Округи автономии Эвенкҳо ба ҳайати Россия ҳамроҳ карда шуд, ки он аҳамияти прогрессисӣ дошт: русҳо эвонкҳоро бо яроқи оташфишон шиносо карданд, аҳолии маҳаллӣ орд, чой, намак, қанд ва ғайраро истеъмол мекардагӣ шуд.

Дар баробари он эвенкҳо дар зери зулму асорати сахт монда нобуд шуда мерафтанд. Револютсияи Октябр ҳаёти аҳолии округро ба куллӣ тағйир дод. Баъди аз Си­бир ронда шудани қӯшунҳои Кол­чак (1920) дар Туруханск Комитети револютсионии Сибир ба вуҷуд омад, ки дар назди он оид ба корҳои миллӣ Шуъбаи сибирӣ ташкил кар­да шуд.

Соли 1924 дар назди КИМ Умумироссия Комитети Шимол таъсис ёфт, ки он ба аҳолии маҳаллии округ ёрии калон расонд. Коми­тет — «Низомномаи муваққатӣ доир ба идоракунии халқиятҳои маҳаллӣ ва қабилаҳои кишварҳои дурдасти шимолии РСФСР»-ро кор карда баромад, ки дар асоси ин низомнома органҳои худидоракунии халқҳои Шимол: маҷлисҳои қавмӣ, Совети қавмӣ, съезди районии аҳолии ма­ҳаллӣ ва Комитети иҷроияи аҳолии маҳаллӣ ташкил карда шуданд. Дар территорияи ҳозираи Округи автономии Эвенкҳо Советҳои қавмии Муруктин, Чириндин, Чапогир ва ғайра ташкил шуданд, ки ба Комите­ти иҷроияи pайони Туруханск тобеъ буданд. Соли 1927 комитетҳои ичроияи райони Илимпийск ва Байкит ташкил шуданд.

Декабри 1930 Округи миллии Эвенк ташкил шуд. Баробарҳуқуқии сиёсии эвенкҳо бо дигар халқҳо муқаррар гардид. Соли 1925 бо қарори КИМ СССР халқиятҳои Шимол, аз он ҷумла эвенкҳо аз андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ озод шуданд. Дар аввали солҳои 30 коллективонии хоҷагиҳои шикории эвенкҳо cap шуд, ки дар ондо баъдтар устави артелро қабул намуданд.

Ин иқдом дар кори муқимӣ гардондани аҳолии маҳаллӣ мусоидат кард. Дар колхозу совхозҳо ба ғайр аз машғулияти анъанавӣ зироатчигӣ, чорводорӣ ва ғӯайра вусъат меёфт. Солҳои 1930—32 геологҳо конҳои ангиштсанг, шпат, масоледи бинокорӣ, намак ва ғайраро кашф карданд, ки дар асоси он истеҳсолоти саноатӣ ба вуҷуд омад. Дар давраи Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ меҳнаткашони округ дар мудофиаи Ватан фаъоло- на ширкат карданд. Ба иштирокчии ҷанг эвенк Иннокентий Петрович Увачан (баъди маргаш) номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Округи автономии Эвенкҳо бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) ва ордени Дустии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Хоҷагӣ. Шикор ва парвариши ҳайвоноти мӯинадор, гавазнпарварӣ со­ҳаҳои асосии хоҷагии округ мебошанд. Округи автономии Эвенкҳо 13% мӯиная кишвари Красноярро медиҳад. Соли 1978 Округи автономии Эвенкҳо 886 гов, 632 хук ва 38 ҳазор cap гавазн дошт. Соли 1978 дар округ 11 совхоз, аз он ҷумла 4 совхози гавазнпарварӣ буд. Чорводорӣ (асосан чорвои ширдеҳ), зироатчигӣ (картошка, саб­завот) вусъат ёфтааст. Саноатн истихроҷи маъдан ривоҷ дорад. Гра­фит, шпат истихроҷ мешавад. Даро­зии роҳи обӣ 2,2 ҳазор километр. Дарёҳои Тун­гускаи Поён ва Тунгускаи Зерисанг киштигарданд. Нақлиёти ҳавоӣ аҳа­мияти калон дорад.

Сохтмони маданӣ. Соли таҳсили 1978—79 дар 30 мактаби маълумоти умумӣ, 3,5 ҳазор талаба, дар 1 макта­би миёнаи махсус (омӯзишгоҳи тиббӣ) 115 талаба мехонд. Соли 1978 дар муассисаҳои томактабӣ 1,5 ҳазор кӯдак тарбия ёфт; 27 китобхонаи оммавӣ дошт. Округи автономии Эвенкҳо музеи кишваршиносӣ, 3 театр, 26 клуб, 28 дастгоҳи кино намоишдиҳӣ, 3 муассисаи томактабӣ дорад.

Соли 1979 Округи автономии Эвенкҳо  73 духтур, 294 коркунони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 385 кат дошт. Дар Округи автономии Эвенкҳо  газетаи «Советская Эвенкия» (аз соли 1933) нашр мешавад. Барномаҳои радиои умумииттифоқ шуна- вонида мешаванд. Программаҳои ра­диои кишвар ва маҳаллӣ ба забони эвенкӣ ва русӣ бурда мешаванд. Бо системаи «Орбита» программаҳои телевизиони Марказӣ намоиш дода мешаванд.

Адабиёт. То Револютсияи Октябр эвенкҳо (тунгусҳо) хат надоштанд. Дар байни онҳо танҳо жанрҳои гуногуни фолклор маъмул буд. Охири солҳои 20 ва аввали солҳои 30 эвевкҳое, ки дар Институти халқҳои Шимол дар Ленин­град мехонданд, ба эҷоди нахустин асарҳои адбӣ шурӯъ карданд. А.М. Салаткин (1908—1943) муаллифи аввалин маҷмӯаи шеърҳо ба забони эвен­ки «Тайга мебозад» (1937) ва досто­ни «Гегдаллукэн ва Улгзринккэп» (1935) мебошад. Баъд маҷмӯаи шеърҳои А. Н. Платонов (1912—1939), «Сурудҳои эвенк» (1938), Г. Я. Чин­ков          (1915—1970) «Диёри азиз» (1938) ва достони «Гарпаниндя» (1939) ба табъ расид. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Н. Сахаров (1915—1945)     муаллифи шеърҳои бахшида ба В. И. Ленин, повести «Суглани Сурх» (1938) ва ҳикояҳо аст.

А. Номтушкин (таваллуд 1938) муалли­фи бисёр очерк ва маҷмӯаи шеърҳои «Субҳ дар тайга» (I960) ва «Токман ман» (1968) мебошад. Дар матбуоти марказӣ ва маҳалли шеърҳои шоирон: И. Н. Удигир (тавалуд 1930), В. Д. Лоргактоев (таваллуд 1934), С. Н. Пику­нов (таваллуд 1922) ва дигар чоп меша­ванд. Бисёр асарҳои нависандагони рус ва советӣ ба забони эвенкӣ тарҷума шудааст. Асарҳои нависандагони эвенк низ ба забони халқҳои СССР тарҷума шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …