Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи Автономии Чукот

Округи Автономии Чукот

Округи Автономии Чукот, дар ҳайати вилояти Магадани РСФСР. Дар Шимоли Шарқи СССР воқеъ аст. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Округи автономии Чукот нимҷазираи Чукотро, ки ба он қисми материк ва ҷазираҳои Врангел, Айон, Аракамчечен, Ратманов ва ғайра дохил мешаванд, дарбар мегирад. Онро баҳрҳои Сибири Шарқӣ, Чукот ва Бе­ринг иҳота кардаанд. Масоҳаташ 737 ҳазор километр2. Аҳолиаш 139 ҳазор нафар (1979). Округ 8 райони маъмурӣ, 2 шаҳр ва 18 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Анадыр.

            Табиат. Соҳилҳои баҳрҳои Сибири Шарқӣ ва Чукот начандон каҷу ки- лебанд. Халиҷи Чаун халиҷи калонта­рини округ аст. Баҳри Беринг фиордҳои қулай ва чуқур (халиҷакҳои Провидение, Глубокая ва ғайра), инчунин халиҷҳои калон (Лаврентий, Мечигмен, Анадыр ва ғайра) дорад. Паҳнкӯҳ ва кӯҳҳои зиёд мавҷуданд.

Дар қисми марказии округ пастии ботлоқзори Анадир воқеъ аст. Дар қисми шимоли он қаторкӯҳи Пекулней (нуқтаи баландтаринаш 1381 метр), кӯҳи Чукот (нуқтаи баландтаринаш 1843 метр) ва дар Шимоли Ғарб пастии Анадир паҳнкӯҳи Анадир ҷойгир аст. Дар ғарби он қаторкӯҳи Анюй пайваст шу­дааст (нуқтаи баландтаринаш 1735 метр). Дар қисми ҷанубу-ғарбии округ до­манаҳои паҳнкӯҳи Юкагир ҷой доранд (баландиаш 500—700 метр). Дар Шимол қад-қади соҳили баҳр пастиҳои Чаун ва Ванкарем ҳастанд. Сарватҳои зеризаминиаш: қалъагӣ, симоб, ангиштсанг, ангишти бӯр, газ ва ғайра мебошанд.

Иқлимаш қаҳратун, дар соҳилҳо хунук ва дар нохияҳои дохилӣ континентии шадид. Зимис- тонаш 8—9 моҳ давом мекунад. Ҳарорати миёнаи январ 38—55° Селсия. Шамол ҳои сахт мевазанд. Тобистонаш кӯтоҳу салқин ва серборон аст. Ҳарорати миёнаи июл дар Шимол 5—8° Селсия, дар пастии Анадырь 13—14° Селсия. Боришоти солона 200—500 милиметр. Давраи наш­ви наботот 75—101 рӯз. Ҳама ҷоро яхбандии бисёрсола фаро гирифтааст. Дарёҳо ба ҳавзаи уқёнусҳои яхбастаи Шимолӣ ва Ором мансубанд.

Дарёҳои калон: Анадир (шохобҳояш Белая, Mайн, Танюрер), Коли­ма. Кӯлҳои калон: Красное, Элги- гитхин, Пекулней. Хоки Округи автономии Чукот асосан кӯҳию тундравӣ мебошад. Дар пастиҳо глеӣ, глеию ботлоқӣ, торфию глей, хоки соҳили дарёҳо ва ҷангалҳои сирак хокистарию глеист. Водии дарёҳое, ки хоки аллювиалӣ ва торфию хокистарӣ доранд, барои кишт истифода меша­вад.

Олами набототаш асосан тундравист. Гулсангу ушназорҳо чарогоҳҳои гавазҳо мебошанд. Дар ҳавзаи дарёи Анадир сафедор, тӯс ва настара­ну қарақот, тамашк ва ғайра мерӯяд. Олами ҳайвонот:  рубоҳи шимолӣ, рӯбоҳ, гург, санҷоб, сагобӣ, заргӯш, хирси бӯр ва сафед, гавазни шимо­лӣ, калламуши мушкин ва ғайра. Аз паррандаҳо кабки сафеду тундравӣ, мурғобӣ, ғоз, қу, гага ва ғайра вомехӯранд. Баҳрҳо аз моҳӣ (кета, горбу­ша, лучмоҳӣ) ва ҳайвонҳои баҳрӣ (морж, нерпа, кити ашҳабӣ) боянд.

Аҳолӣ. Аҳолии Округи автономии Чукот асосан аз чукчиҳо, эскимосҳо, эвенкҳо, юкагирҳо ва русҳо, украинҳо, белорусҳо, тоторҳо ва дигар иборат аст. Зи- чии аҳолӣ дар 1 километр2 0,2 нафар. Аҳолӣ бештар дар соҳили баҳрҳо ва водии дарёҳо зиндагӣ мекунад.

Маълумоти таърихӣ. Одамон дар территорияи ҳозираи Округи автономии Чукот ҳанӯз дар дав­раи палеолит зиндагӣ мекарданд. Аҷдоди эскимосҳо, ки бо шикору моҳидорӣ машғул буданд, гарпун ва заврақ ихтироъ карда, кит, морж ва нерпаро шикор мекарданд. Дар охири асри 1 милод аҷдоди чукчиҳою корякҳо гавазнро ром карда, бо парвариши он машғул шуданд. Дар асри 17 Чукот ба ҳайати давлати Рус ҳамроҳ кар­да шуд.

Дар Анадир маҳаллаҳои русҳо пайдо шуданд. Аз миёнаи асри 19 ва баъдтар саноатчиёну савдогарони америкоӣ аҳолии таҳҷоиро ғо­рат мекарданд. Чукчиҳо ва дигар халқҳои округ дар ибтидои асри 20 сохти авлодиро аз cap мегузаронданд. Хоҷагии онҳо хусусияти патриархалӣ дошт. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр аҳолии территорияи ҳозираи Округи автономии Чукот Округи автономии Чукотро аз зулми миллӣ ва истисмор озод намуд. Дар посёлкаи Анадир 16 ноябри 1919 Комитети революсионии Чукот ташкил шуд. Ширкати америкоӣ «Свенсон» аз ҳуқуқи моҳигирӣ маҳрум шуд.

Барои беҳтар намудани савдо чораҳо андешида шуданд. Аммо боқимондаи аскарони Колчак 31 январ 1920 табаддулоти зидди револютсионӣ гузаронда, аъзоёни Комитети револютсиониро қатл намуданд. Гвар­дияи Сурх колчакчиёнро торумор ва Ҳокимияти Советиро барқарор карда Комиҷроияи уезди Анадир интихоб гардид, ки 6 январ 1921 ба Комитети халқии револютсионӣ табдил дода шуд.

Тӯдаи гвардиячиёни сафеди Бирич-Бочкарёв октябр 1921 аз Влади­восток ба соҳилҳои Охотск ва Кам­чатка дохил шуданд. Отрядҳои Ар­мияи Сурх бо роҳбарии Г. И. Чуба­ров апрели 1923 қувваҳои асосии гвардиячиёни сафедро торумор карданд. 2—5 август Съезди I намояндагони Ко­митети револютсионии деҳот ва во­лости Анадир таъсис ёфт. Соли 1923 дар Уэлен Совети районии Чукот ташкил гардид ва дар cap то сари нимҷазираи Чукот Ҳокимияти Советӣ барпо карда шуд. Дар солҳои панҷсолахои пеш аз ҷанг коллективонии хоҷагии қишлоқ ва сайду шикор оғоз ёфт.

Гавазнпарварӣ ва шикори ҳайвонҳои баҳрӣ ривоҷ ёфт. Чукчиҳо ва эскимосҳо соҳиби алифбо гардида, бесаводӣ асосан барҳам дода шуд. Интеллигенсияи миллӣ ташаккул ёфт. 10 декабри 1970 Округи Миллии Чукот (аз соли 1977 Округи автономии Чукот) ташкил шуд, ки он тамоми ноҳияҳои Ана­дир ва Чукоти Шарқи Дур ва инчунин як қисми РАСС Ёқутро дар бар мегирифт. Сокинони Чукот дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муборизаи зидди фашистони ғоратгари немис фаъолона иштирок кар­данд. Округи автономии Чукот  солҳои баъди ҷанг дар сохтмони сотсиалистӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид Саноати истихроҷи тилло, металлҳои ранга, сохтмони роҳҳо бо суръат тараққӣ карданд. Округи автономии Чукот  бо ордени Байрақи

Сурхи Медиат (1970), ордени Дустин Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Хоҷагӣ. Саноати истихроҷи маъдан дар иқтисодиёти Округи автономии Чукот ҷои асосиро мегирад, ки он аз корхонаҳои истихроҷи металлҳои ранга, қалъагӣ (Валкумсӣ), симоб (Пла­менное) ва ангиштсанг (Беринг, Анадир) иборат аст. Стансияи электрии атомии Билибино, ТЭС-и Чаун ва ГРЭС-и Эгвекинот амал мекунанд. Саноати сайду коркарди моҳӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (Ана­дир, Певек, Билибино) ва хӯрокворӣ хеле пеш рафт.

Округ соли 1978 28 совхозҳо дошт. Соҳаҳои асосии хоҷагии он гавазнпар- варӣ буда, шумораи он соли 1977 ба 565 ҳазор cap расид. Соҳаи анъанавии хоҷагии аҳолии таҳҷоӣ— моҳигирӣ, шикори ҳайвонҳои мӯинадор ва баҳрӣ. Касби асосии аҳолӣ шикори рӯбоҳи шимолӣ, нерпаву морж мебошад. Парвариши чорвои ширдеҳ, парранда ва хукпарварӣ соҳаи нави хоҷагии Округи автономии Чукот мебошад.

Округи автономии Чукот  соли 1978 (ба ҳисоби ҳазор cap) 2,0 гов, 3,8 хук дошт. Дар фермаҳои махсус рӯбоҳи шимолӣ парвариш карда мешавад. Нақлиёти асосӣ — баҳрй ва ҳавоӣ. Бандарҳо: Левек, Провидение, Анадир, Эгвекинот ва ғайра. Роҳҳои му-ими мошингард: Певеквек — Крас­ноармейский — Комсомольский, Эг- векннот — Иультин, Зелёный Мыс — Билибино ва г. Д-ҳои Анадырь, Ве­ликая ва г. кшптигарданд.

Сохтмони маданӣ. То Револютсияи Ок­тябр чукчиҳо тамоман бесавод бу- данд. Соли таҳсили 1914/15 дар Округи автономии Чукот   1 мактаби ибтидоӣ буд, ки 40 хонанда дошт. Мактаби миёна надошт.

Соли таҳсили 1978/79 дар 36 макта­би маълумоти умумӣ 27,6 ҳазор талаба, дар 1 омӯзишгоҳи касбҳои тех­никӣ 310 талаба, дар омӯзишгоҳи педагогӣ 184 хонанда мехонд. Дар округ соли 1978 94 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносӣ, 111 клуб, 179 дастгоҳи филмнишондиҳӣ буд. Соли 1979. Округ 570 духтур, 1656 коркувони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 2200 кат дошт.

Газетаҳои округии «Советкэн Чу­котка» («Чукоткаи Советӣ», аз соли 1953, ба забони чукчӣ) ва «Советская Чу­котка» (аз соли 1933) нашр мешаванд. Барномаҳои радио ба забони чукчӣ ва русӣ шунавонида мешававд. Аҳолӣ ба воситаи стансияи «Орбита» барномаҳои телевизиони Марказиро тамошо мекунад.

Адабиёт. Чукчиҳо то Револбтсияи Кабири Сотсиалистии Октябр адабиёти хаттӣ надоштанд. Шаклҳои гуногуни адабиёти даҳонакӣ паҳн шуда буду бас. Си- ёсати Ҳокимияти Советӣ доир ба маданият, тартиб додани алифбои чукчиҳо (1931) ва паҳншавии забо­ни русӣ барои ба вуҷуд омадани адабиёти чукчиҳо замина гузоштанд.

Классикони рус ва эҷодиёти нависандагони советӣ В. Г. Тан-Богораз, Т. 3. Сёмушкин, Н. Е. Шундик ва дигар ба ташаккули адабиёти чукчи­ҳо таъсир расонданд. Нависандаи нахустини чукот Тинэтэгин (Ф. Тинетев, 1920—1940) китоби «Афсонаҳои чаучу» (1940, ба забони чукчӣ ва русӣ)-ро тартиб дод. Солҳои 1950—60 насрнависон Ю. С. Ритхэу (таваллуд 1930), В. Ятиргин (таваллуд 1919) ва шоирон В. Г. Кеулкут (1929— 63), А. А. Кимитвал (таваллуд 1938), В. Тимнетувге (1935—1965), М. В. Валгиргин (таваллуд 1939), В. Тинескин (таваллуд 1945) ва дигар ба майдон омаданд. Нависанда Ю. С. Ритхэу дар СССР ва хориҷа машҳур аст.

Муаллиф дар маҷмӯаи ҳикояҳои «Ривояти Чукот» (1956), асари сеҷилдаи «Айёми обшавии барф» (1958), романҳои «Қирави остона» (1970), «Барфи сафед» (1975) ва дигар асарҳои худро ба таърихи зиндагии халқи Чукот ва навсозии ҳаёти иҷтимоии он бахшидааст. Таъсири фолклор дар ада­биёти Чукот калон аст. Асарҳои нависандагони Чукот ба забони халқҳои СССР ва ба забони чукчӣ низ асарҳои нависандагони халқҳои Иттифоқи Советӣ тарҷума мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …