Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи Автономии Бурятҳои Ага

Округи Автономии Бурятҳои Ага

Округи Автономии Бурятҳои Ага, дар ҳайати вилояти   Читаи РСФСР. 26 сентябр 1937 ташкил шуда­аст. Дар ҷануби шарқии Забайкалия воқеъ аст. Масоҳат 19,0 ҳазор километр2. Аҳолиаш 69 ҳазор нафар (1979). Аҳолии маҳаллӣ бурятдҳо, инчунин русҳо, украинҳо, тоторҳо. Округ ба 3 райони маъмурӣ тақсим шуда, 3 птш дорад. Марказаш — птш Ачинское.

            Табиат. Сатҳаш асосан кӯҳсор. Аз Ҷануб Ғарб ба Шимол Шарқ қаторкӯҳҳои сатҳаш ҳамвори Черский, Даур, Могойтуй (нуқтаи баландтаринаш кӯҳӣ Алханай, 1663 метр) мутавозӣ тӯл кашидаанд.

Дар Ҷануб ҳамвории теппадори Назди Онон (баландиаш 700-800 метр) ҷойгир аст. Иқлимаш континентии шадид. Тобистонаш гарму зимистони хунук. Ҳарорати миёнаи июл аз «16 то 20 Селсия, январ – 22—26“ Селсия солона 300—500 миллиметр. Дарёии калон  Онон (шохобҳояш Иля, Ага). Дар Ҷануб кӯлҳои хурди зиёд дорад.

Дар Ғарб кӯҳҳо хоки хокистарранги яхбаста ва хокистарии ҷангалӣ бартарӣ до­рад. Хоки ҳамвориҳо карбонатию дорчинӣ ва сиёҳ. Дар пастиҳо рас- таниҳои биёбонӣ, дар дашто шӯра, дар доманаҳои теппаҳо алафҳои гуногун мерӯяд. Дар доманаҳои Шимол қаторкӯҳҳо ва дар баландиҳои 1000— 1100 метр ҷангалзор (хаданг, дарахтони сӯзанбарг ва ғайра) мавҷуд.

            Хоҷагӣ. Дар иқтисодиёти Округ хоҷагии қишлоқ роли муҳим мебозад. Алафзор ва чарогоҳҳо 2/5 қисми территорияи Округро ташкил менамоянд. Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ парвариши гӯсфанди маҳинпашм аст. Парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ ва асп, дар Ҷануб парвариши уштур тараққӣ кардааст. Аз ғалладона гандуму ҷав, ҷавдор ва зироати хуроки чорво кишт мешавад. Соли 1978 Округ 25 колхоз ва 6 совхоз дошт. Саршумори чорво (ба ҳисоби ҳазор cap 1978): гов 77, хук 13, бузу гӯсфанд 913.

Саноат асосан бо коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғул аст. Дар Ғарб чӯб тайёр мекунанд. Корхонаҳои саноати чӯбгарӣ дар Ара-Иля, Дулдурга, Агинское, Могойтуй воқеанд. Комбинати маъдантозакунии Орловский дар иқ- тисодиёти Округ роли калон мебозад. Шабакаи роҳи оҳан тараққӣ кардааст. Дарозии роҳи автомобилгард 970 километр.

            Сохтмони маданӣ. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ хати бурятӣ ба вуҷуд омад. Соли таҳсили 1978/79 дар мактабҳои маълумоти умумӣ 17,3 ҳазор, дар мактабҳои миёнаи махсус 0,3 ҳазор талаба мехонд. Округ 49 китобхонаи оммавӣ, 61 клуб, зиёда аз 76 дастгоҳи филмнамоишдиҳӣ дошт. Соли 1979 Округ 111 духтур, 454 коркунони миёнаи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 750 кат дошт.

Газетаҳои округӣ: «Агыи уқэп» («Ҳақиқати Агиш», аз соли 1930, ба за­бони бурятӣ) ва «Агинская правда» (аз 1930 ба забони русӣ) нашр мешаванд.

          

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …