Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи автономӣ

Округи автономӣ

Округи автономӣ, д а р С С С Р яке аз шаклҳои амалигардонии ав- тономияи маъмурӣ мебошад. То қабули Коснститутсияи СССР (1977) Округи автономиро округи миллӣ меномиданд. Округи автономӣ дар ҳудуди ҳайати аҳолиаш якхела ташкил ёфта, бо хусусиятҳои таркиби миллӣ ва тарзи зиндагонии аҳолӣ фарқ мекунад ва ба ҳайати кишвар ё вилоят дохил мешавад.

26 апрели 1926 нахустин Округи миллии Черкас ташкил гардид, ки он 30 апрел 1928 ба Вилояти Автономии Черкас табдил ёфт. Солҳои 1931—32 дар асоси қарори КИМ Умумироссиягӣ (аз 10 декабри 1930) 18 райони миллӣ ва 9 округи миллӣ ташкил карда шуд. Дар СССР 10 Округи автономӣ  (ҳама дар РСФСР) мавҷуд аст: Таймир (Долгано-Ненеск) ва Эвенк — дар кишвари  Красно­ярск, Ненес — дар вилояти Архангелск, Хартию Мансӣ ва Ямалу Ненес — дар вилояти Тюмен, Бурятҳои Уст-Ордин — дар вилояти Иркутск, Коряк — дар вилояти Камчатка, Чукот — дар вилояти  Ма­гадан, Агину Бурят — дар вилояти Чи­та.

Округи автономӣ   ҳамчун яке аз шаклҳои давлатдории миллӣ барои ба сохтмони сотсиалистӣ ҷалб намудани ҳалқҳои камшумор ва дар гузашта аз ҷиҳати хоҷагию маданӣ қафомонда ва пешравии онҳо ба сӯи коммунизм аҳамияти калон дорад. Қонунро дар бораи Округи автономӣ  Совета Олии республикаҳои иттифоқӣ қабул менамояд.

Меҳнаткашоги Округи автономӣ  органи ҳокимияти давлати худ, яъне Совети депутатҳои халқиро ба муддати 2,5 сол интихоб мекунад, ки вай дар навба- ти худ комиҷроияро интихоб менамояд. Органҳои Округи автономӣ  дар территорияи округ хуқуқу вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо ба амал мебарорад. Аз ҳар як Округи автономӣ  ба Совета Миллатҳои Совети Олии СССР 1 депутат интихоб карда мешавад.

Адабиёт: Лепешкин А. Й. Советы — власть трудящихся, Москва 1966.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …