Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оқоризои Кошонӣ

Оқоризои Кошонӣ

Оқоризои Кошонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош  ва мусаввири асри 16. Дар поёни умр ба Ҳиндустон рафта, чанде он ҷо зиндагӣ ва камоли касб кардааст. Бештар бо тасвирн набототу мурғон машғул будааст. Тасвироташ табиӣ ва мутаносиб.

Тарзи тарҳофарӣ, тасвири ҷузъиёти предмет, таносуби торикиву равшанӣ дар нигоришоти ӯ нисбат ба гузаштагон беҳтару мукаммалтар аст. Аз намунан осораш мусавварае бо тасвири дарахту паррандагони ба шохаҳояш нишаста ва се саги зери он (яке хоб, дигаре паҳлуи он нишаста ва сеюми дар паси ин ду истода) то рӯзҳои мо расидааст ва дар маҷмӯи хусусии Фикрии Салҷуқӣ (Кобул) маҳфуз аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …