Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оқомуҳаммадхони Қоҷор

Оқомуҳаммадхони Қоҷор

Оқомуҳаммадхони Қоҷор (1742—1797), шоҳи Эрон (1776—97), асосгузори сулолаи Қоҷориён. Ӯ сарвари муборизаи феодалҳои қоҷор ба муқобили зандхо буд, ки соли 1794 бо ғалабаи қоҷорҳо анҷом ёфт. Соли 1786 Теҳронро пойтахт эълон кард.

Нисбат ба душманони худ ва шӯришгарон беамон буд. Соли 1795 ба Озарбойҷон ва Гурҷистон тохта, Тбилисиро тороҷ на­муд. Ҳангоми ҳуҷуми дуюмборааш ба Закавказия (1797) бо дасти дарбориён кушта шуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …