Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оқомуҳаммади Наққош

Оқомуҳаммади Наққош

Оқомуҳаммади Наққош (соли таваллуд номаълум, Исфаҳон — вафот номаълум, Табрез), хат­тот, мусаввир ва наққоши охири асри 15 ва аввал асри 16 форс-тоҷик. Яке аз намояндагони барҷастаи мактаби минётури Исфаҳон. Санъати тасвирӣ ва хаттотиро дар зодгоҳаш омӯхта, ба­рои такмили маҳорат ба Ҳирот, Бухоро, Ироқ рафтааст. Оқомуҳаммади Наққош дар санъ­ати минётурнигорӣ ва хати ороишиву тазйинӣ истеъдоди комил дошт.

Чанд гоҳ дар назди хаттотону мусаввирони забардасти замонаш — Миралии Ҳиравӣ, Султоналии Машҳадӣ, Султонмуҳаммади Хандон шогирд буд. Пас аз камоли хунар дар китобхонаи Сафавиён чун котиб хизмат намуд. «Гулистон»-и Саъдӣ, девони Ҳофиз ва «Шоҳнома»-и Фирдавсиро оро додааст. Оқомуҳаммади Наққош услуби устодонашро идома дода, дар нигоришу ороишот ва китобати асарҳо ҳамсояи Султоналии Машҳадӣ гашт.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …