Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оқомираки Исфаҳонӣ

Оқомираки Исфаҳонӣ

Оқомираки Исфаҳонӣ (соли таваллуд номаълум, Исфаҳон — вафот. номаълум, Ҳирот), мусаввир ва хаттоти асри 15 форс-тоҷик. Санъати хаттотӣ, наққошӣ, ҷадвалкашӣ ва манзаранигориро дар Исфаҳон, Табрез ва Ҳирот омӯхта, дар китобхонаҳои Табрезу Қазвин суратгарӣ кардааст. Дар ин бора дар «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзо, «Ҳоло­ти ҳунарварон»-и Дустмуҳаммад ва «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и Ис­кандари Муншӣ маълумот оварда шудааст. Баъдтар дар назди Камолуддини Беҳзод маҳораташро такмил дода, аз шогирдони боистеъдоди ӯ шуд.

Оқомираки Исфаҳонӣ дар санъати манзаранигорӣ ва сиёҳқаламӣ сабки Беҳзодро давом дода, асарҳои зиёде эҷод кард. Панҷ тасвири устодонаи ӯ дар «Хамса »-и Низомӣ (солҳои 1539—43, Табрез) оварда шудааст. Китобати ин асар ба қалими хаттот Шоҳмаҳмуди Нишопурӣ тааллуқ дошта, ҳоло дар Музеи Британия маҳфуз аст. Ин мусаввараҳо «Тоҷгузории Хусрави Парвиз», «Хусрав ва Шерӯя», «Маҷнун дар биёбон», «Анӯшервон дар харобот», «Бозгашти Шопур ба боргоҳи Хусрави Парвиз» ном дошта, аз ҷиҳати нигориш, истифодаю омезиши рангҳо, тасвири манзара басо ҷолиби диққатанд. Ороиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (ҳоло дар коллексияи хусусии А. Хо­тон, ШМА) низ ба қалами Оқомирак мансуб буда, мусаввараҳояш оддӣ, муҷаз ва дилангезанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …